Уламои исломии Кӯлоб аз ширкати ҷавонони ин шаҳр дар ҷангҳои Сурия изҳори нигаронӣ карданд.
“Минбари халқ”, нашрияи ҳизбии ҲХДТ Анҷумани Рӯзноманигорони ҷавон бо номи «АРҶ» -ро таъсис додааст.
Зоҳиран ҳеҷ хатмкунандае ҳозир нест, бидуни «тағо» ё худ миёнарав ба Маркази милии тестӣ дар Кӯлоб ҳуҷҷат барои донишҷӯ шудан супорад.
Баҳси шеваи баргузории маросими арӯсӣ ақди никоҳи Нигора ва Далерро ҳашт моҳ боз зери суол қарор додааст.
Тими шашнафараи мубоҳисони ҷавони Тоҷикистон барои сафар ба шаҳри Остона пойтахти Қазоқистон ва ширкат дар Форуми ҷавонони Осиё-2014 омодагӣ мебинад.
Пойга ва ё сабқати нимашабии мошинҳо дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон чанд сол боз ҷараён дорад, ҳарчанд мақомот вуҷуди ин гуна сабқатро рад мекунанд.
Таҳмос Исоеви 18-сола, ғолиби нахустин мусобиқаи интихобии брейк-данс дар Тоҷикистон, ки барои дарёфти роҳхат ба сабқати ҷаҳонӣ баргузор шуд, ҳамакнун ба марҳилаи навбатии ин озмун, ки дар Қазоқистон мегузарад, омодагӣ мебинад.
Русия ба хотири густариши нуфузи забони русӣ мавзӯи ирсоли 400 омӯзгор ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунад ва мехоҳад шумори ҳарчӣ бештари донишҷӯёни тоҷикро ба мактабҳои олиаш ҷалб намояд.
Як ҷавони тоҷик мегӯяд, навохтани най, асбоби миллии тоҷикӣ, барои инсон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад, аммо фурӯши най низ мояи хушҳолист.
Мақомоти тоҷик дар ҷашни "Наврӯз" ба аёдати сарбози маъюбшуда Шаҳбол Мирзоев рафтанд ва қавл додаанд, ки ҳазинаи табобати ӯро пардохт хоҳанд кард.
Планшету смартфонҳо бозори аксбардорони хиёбонӣ дар пойтахти Тоҷикистонро, ки аксаран ҷавононанд, танг кардааст.
Ниҳодҳои интизомии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе боз чор хонандаи синфи 9 ва 10-и мактабҳои пойтахтро бо иттиҳоми латтукӯб ва ғорати як толибилми дигар боздошт кардаанд.
Ёфтҳои бештар