Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон шогирдони як мактаб ба сари муаллим даст бардошта, як устоди фанниҳарбиро зери мушту лагат қарор додаанд. Ин омӯзгор ба додситонӣ шикоят бурдааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба порлумон пешниҳод кардааст, ки бо ислоҳи қонуни масъулияти волидайн ва қонуни дин ширкати наврасони то 18-сола дар намози масоҷидро иҷозат диҳанд.
Мақомоти маорифи Тоҷикистон тасмим доранд дар оянда квотаҳои таҳсил ба Русияро кам ва ба кишварҳои Аврупоро бештар кунанд.
Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар пайи таҷлили берун аз қоидаи занги камолот, ду ноиби директори мактаби 90-ро барканор кардааст.
Шоми 16-уми июн дар Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ намоишномаи «Бӯсаҳои зери по» ба хотири таҷлили 100-солагии оҳангсози маъруфи тоҷик намоиш дода шуд.
Дар ин рӯзҳо ҳазорон нафар ҷавони тоҷик баъди хатми донишгоҳҳо соҳиби маълумоти олӣ шуда, ба ҷустуҷӯи кор мебароянд. Онҳоро чӣ интизор аст? Маҷаллаи навбатии "Чашмандоз" ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст.
Сар аз соли нави хониши 2014-2015 дар мактабҳои Тоҷикистон дар мавзӯи меҳнати вазнини кӯдакон ва паёмадҳои он дарс гуфта мешавад.
Муроҷиати видеоии Мастер Исмайл, як репсарои тоҷик барои ба ҳам овардани ҷавонои тоҷик ва дасткашидан аз теғзанӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам маҳфилҳо баҳсҳои тезу тундеро ба миён овардааст.
Як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ нишон дод, ки пойтахти Тоҷикистон маконҳои диданӣ зиёд дорад, вале ба қавли як ҳамсӯҳбати мо, "оби дари хонаро лой мегӯянд."
Дар шаҳри Душанбе мактаби касбии «Линукс» боз шуд ва ҷавононе, ки ба фанновариҳои иттилоотӣ ва барномасозӣ таваҷҷӯҳ доранд, дониши фании худро такмил хоҳанд кард.
Рӯзи 26 июн корвони мошинҳои «Роҳи ваҳдат - 2014» аз пойтахти Тоҷикистон роҳии минтақаи Кӯлоб мешавад. Ин чорабинӣ ба Рӯзи ваҳдати миллӣ бахшида шудааст.
Вазорати маорифи Тоҷикистон ёдовар шуд, ки расми «Занги охир» дар рӯзи 7-уми июн бояд аз як ҳамоиши 45-дақиқагии паёми табрикӣ ва тақдими ифтихорнома ба хатмкунандагони фаъоли мактабҳо иборат бошад.
Ёфтҳои бештар