Сукунати ҷавони 20-сола дар хонаи пиронсолон ин тасаввурро, ки ин макон танҳо барои пиронсолон аст, мешиканад. Аммо инки Шӯҳрат чигуна ба Хонаи пиронсолони Душанбе омадааст, як қиссаи хеле ҳузнангез аст.
Дар ин авохир дар Тоҷикистон таронаҳои ошиқонае муд шудаанд, ки рэпсароёни тоҷик бо фармоиши ошиқони алоҳида ва махсус барои онҳо иҷро мекунанд. Як студияи сабти таронаҳои рэп дар Душанбе мегӯяд, рӯздармиён аз ҷавонон барои таҳияи таронаҳои ошиқона дар қолаби рэп фармоиш мегирад.
Шаҳбол Мирзоев, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки моҳи март бар асари бадрафторӣ дар қисми низомӣ маъюб шудааст, ахиран барои идомаи табобат ба маркази эҳёи шаҳри Хуҷанд оварда шуд.
Мақомоти Русия мегӯянд, тақрибан 100 донишҷӯи тоҷикро, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум буданд, "афв" кардаанд ва онҳо акнун метавонанд озодона барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои худ баргарданд.
Сафорати Тоҷикистон дар Миср мегӯяд, намояндагонаш то ҳол иҷозати мулоқоти рӯбарӯ бо 4 тоҷики бо "маводи шубҳаовар" боздоштшударо ба даст наовардаанд, вале телефонӣ бо онҳо тамос доранд.
Додгоҳи Шаҳритус ду раиси ҷамоат ва як корманди шӯъбаи маорифи ин ноҳияро бо ҷурми ба артиш фиристодани 26 хонандаи синфи 11 дар маҷмӯъ ба маблағи 7000 доллар ҷарима бастааст.
Хабарнигори 28-солаи Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон, ки муовини раиси шаҳри Ваҳдат таъин шудааст, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ғайри падару модараш, ки омӯзгорони оддианд, дигар ягон пуштибоне надорад.
Аз 1 октябр дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ шурӯъ мешавад ва аз ҳоло низомиён ба қабули сарбозони нав ва хонаводаҳо баръакс ба пинҳон кардани бачаҳои худ омода мешаванд.
Дар шаҳри Душанбе қаҳвахонае бо номи "Одноклассники" боз шудааст. Моликони қаҳвахона мегӯянд, ҳанӯз барои истифодаи ин бренд аз ин шабакаи маъруф дар байни ҷавонони тоҷик иҷозати расмӣ нагирифтаанд.
Шӯъбаи маорифи Хуҷанд ба мактабҳои ин шаҳр тавсия додааст, ки духтарони толибилм тоқии тоҷикӣ дар сар ба дарс биоянд. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин ибтидот эҳёи суннатҳои миллист.
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, имсол ба кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳои кишвар танҳо ҷавонони ҳушёру тануманд қабул мешаванд, то дар минбаъда ба кор оянд.
Даҳҳо шогирди муассисаҳои ислоҳии ноболиғон дар Тоҷикистон дар як назарсанҷӣ аз бадрафторӣ нисбат ба онҳо аз тарафи маъмурони милиса шикоят кардаанд. Масъулони мактаби махсуси Душанбе вуҷуди бадрафторӣ дар ин мактабро рад мекунанд.
Ёфтҳои бештар