Корхонаи нуриҳои минералии "Азот" дар шаҳри Леваканти (Сарбанди пешин) вилояти Хатлон пас аз чанд соли таваққуф, дигарбора бо кор оғоз мекунад. Ин корхонаи азим, ки дар соли 2019 ба музояда гузошта шуда буд, ҳудуди як сол қабл харидорӣ шуд ва молики наваш ҳамакнун қарзи кормандонро пардохт мекунад.