Соҳибхоназанҳои тоҷик як нирӯи иқтисоди соягӣ ҳастанд, чунки кору заҳмати онҳо ба ҳисоб гирифта намешавад: тарбияву нигоҳубини кӯдакону аҳли оила, хӯрокпазию тамизкорӣ, кори кишоварзии наздиҳавлигӣ... Коршиносон мегӯянд, кору ҳуқуқи ин занон бояд мавриди ҳимояти иҷтимоии давлат бошад