Бунёдгузори "Alibaba" Ҷек Ма Чинро тарк карда, давоми ним соли ахир дар шаҳри Токио ба сар мебарад.
Додугирифти байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аввали соли 2022 афзудааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар як гузориши таҳқиқӣ маълум карда, ки аз кишварҳои минтақа ба Русия ва ё баръакс чӣ бурданд ва чӣ оварданд.
Чанд бахши калонтарин бозорҳои шаҳри Алмаатои Қазоқистонро “растаҳои тоҷикӣ” ном мебаранд. Дар ин ҷо асосан фурӯшандагони тоҷик кор мекунанд.
Ҷанги Русия дар Украина ба кору даромади ширкатҳо дар Тоҷикистон бетаъсир набудааст. Як арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ нишон додааст, ки 24 дарсади ширкатҳое, ки дар кишвар амал мекунанд, бар асари ҷанги Русия дар Украина зиён дидаанд.
Оҷонсии Назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар як санҷиш тасарруфи 7 миллион сомонии музди меҳнати кормандон дар корхонаҳои давлатиро ошкор кардааст.
Камбуди нерӯи барқ дастрасии сокинони як маҳалларо дар ноҳияи Муъминобод ба об мушкил ва зиндагияшонро сахт кардааст. Онҳо аз мақомот мепурсанд, ки масъала кай ҳал хоҳад шуд. “Барқи Тоҷик” маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум тасдиқ карда, аммо муҳлати анҷомашро нагуфтааст.
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ширкати “Тоҷиктрансгаз”-ро вазифадор кардааст, ки ба Вазорати молия беш аз 15 миллион доллар бипардозад. Маълум нест кай ва чӣ гуна. Мақомот онро қарзи давлатӣ ва баҳраву ҷаримааш ҳисоб кардаанд. Вазорат розӣ нест.
Бонки мардумии амонатгузории Қазоқистон эълон кард, ки бахши тоҷикистонияшро ба номи "Халиқ Бонк" ба Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон мефурӯшад. Шарти хариду фурӯш дақиқ нест. Як сол пеш "Халиқ Бонк" аз фоидаовар набудани бозори Тоҷикистон ва як намояндааш аз фишору тафтиши зиёд суҳбат карда буданд.
"Халиқ бонк" ё Бонки халқии Қазоқистон эълон кардааст, ки саҳмияҳои бахши тоҷикистонии худро пурра мефурӯшад. Сомонаии расмии бонк хабар додааст, ки муомилот дар бораи хариду фурӯши саҳмияҳои намояндагии "Халиқ бонк" дар Душанбе бо "Бонки байналмилалии Тоҷикистон" дар моҳи декабр ба анҷом мерасад.
Дар Афғонистон, ки бо сари қудрат омадани Толибон зиндагиву кор барои занон сахт шуд, баъзе аз бонувон, барои таъмини хонавода, роҳҳоеро пеша кардаанд, ки ба кор идома диҳанд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи октябри имсол "Мармарӣ", як ширкати азими чорво ва парандапарвариро барои овардани 140 номгӯй молу маҳсулот аз хориҷа аз пардохти боҷи гумрукӣ ва молиёт (андоз) озод кард. Намояндагони ҳукумат сабаби тасмимро нагуфтанд.
Аксар муҳоҷироне, ки дар 8 моҳи аввали имсол дар ҷустуҷӯйи кору зиндагӣ ба Русия рафтаанд, аз Тоҷикистон будаанд. Ин дар ҳолест, ки намояндагони бисёре аз кишварҳои дигар баъд аз шурӯи ҷанги Русия дар Украина аз ин кишвар фирор карданд.
Ёфтҳои бештар