“Барқи Тоҷик” дигар ширкати ҳолдингӣ нест. Ҳукумати Тоҷикистон онро “ҷамъияти саҳомии кушода” номид. Барои идора ва назораташ Шӯрои нозиронро дар ҳайати ҳафт нафар таъсис дод.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон музди кормандони муассисаҳои давлатӣ, маъмурони милиса, афсарон, додситонҳо ва дигар кормандони мақомоти интизомиро аз 20 то 25 дар сад боло бурдааст.
Тоҷикистон дар соли гузашта ба Афғонистон ба тақрибан 73 миллион доллар барқ фурӯхтааст. Ин оморро Радиои Озодӣ дар як санади расмии Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 8-уми феврал дид.
Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе барои барҳам додани "Тоҷпромбонк" ним соли дигар фурсат додааст. Ин бонк соли 2017 муфлис эълон шуд, аммо мақомот то ҳол натавонистаанд, онро пурра бибанданд.
Додугирифти Тоҷикистон бо Украина дар соли 2022 ба таври назаррас кам шудааст. Дар соле, ки Русия бедалел ба Украина ҳамла кард ва ин ҷанг ҳанӯз идома дорад.
Корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба арзёбии зиёни сокинон аз сармои қаҳратуни моҳи январ, ки аз беобӣ ва вайрон шудани қубурҳои обгузар шикоят доштанд, шуруъ кардааст.
Созмони Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар гузорише гуфт, "коррупсия дар Тоҷикистон расм шудааст" ва "мақомот ислоҳоти бунёдӣ намегузаронанд".
Сокинони Тоҷикистон дар тӯли камтар аз якуним сол бештар аз 200 миллион долларро қонунӣ кардаанд. Ин кор пас аз қабули як санади пурсарусадо дар бораи қонунӣ кардани пулу сарвати пинҳонӣ сурат гирифт.
"Тоҷик Эйр", ширкати давлатии Тоҷикистон, ки ҳавопаймоҳояш чанд сол боз аз парвоз мондаанду кормандонаш дар рухсатии бемузд ҳастанд, зиёда аз 449 миллион сомонӣ (44 миллион доллар) қарздор мондааст.
Ба арзёбии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал), “коррупсия дар Тоҷикистон расм шудааст.”
Ҳукумати Тоҷикистон содироти пиёзу картошка ва сабзиро ба хориҷа манъ кардааст. Ин тасмим дар пасманзари афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ гирифта шуда, ба гуфтаи мақомот, "то муътадил гардидани бозор" давом мекунад.
Дар ҳоле ки сокинон дар Тоҷикистон аз камбуди барқ шикоят доранд, вазири энергетика ва захираҳои об аз истеҳсоли "рекордӣ"-и барқ дар соли гузашта хабар дод.
Ёфтҳои бештар