Қазоқистон низоми бе раводид (виза)-ро барои шаҳрвандони Чин то 30 рӯз дароз карданист. Қирғизистон ният дорад, аз ин иқдом пайравӣ намояд. Дар паси ин иқдом чӣ меистад ва таъсираш ба минтақа чист?
Содироти пахтаву сабзавот ва меваи хушк аз Тоҷикистон ба Русия камтар, аммо фанновариҳои нав бештар шудааст. Чизе, ки дар гузашта дида намешуд ё бисёр кам буд.
Пайвандони олим, нависанда ва рӯшанфикри бузурги тоҷик, Аҳмади Дониш дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон хоҳони боз кардани осорхона ва ё маркази илмие ҳастанд, то хотираи ӯ дар ин ҷо поянда бошад.
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, барои беҳбуди шароити сайёҳӣ 178 млн сомонӣ ё 16 млн доллар ҷудо кунад. Ин маблағ то соли 2030 бояд барои бунёди ошхонаҳои сариророҳӣ, ҳоҷатхонаҳо ва дигар иншооти барои меҳмонон муҳим сарф шавад.
Корхонаи нуриҳои "Азот" (заводи пешини нуриҳои азотии Вахш) пас аз як соли гузаштан ба ихтиёри ширкати “Осиё Кемикал”, ки дар борааш маълумоти кофӣ вуҷуд надорад, ба кор сар кардааст.
Аз танқиди президенти Тоҷикистон дар мавриди суръати сусти интернет тақрибан чаҳор моҳ гузашт, аммо ба гуфтаи баъзе аз мутахассисону вакилони порлумон "вазъ тағйир накард". Шикояти мардуму корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ кам нашуд.
Дар муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ба шаҳрвандони аз 15-сола боло курсҳои омӯзиши забони кореягӣ таъсис шудааст.
Дар пасманзари афзоиши нархи баъзе аз маҳсулот дар моҳи Рамазон, шаҳрдории Душанбе дар чаҳор ноҳияи пойтахт ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалро баргузор кард.
Зайниддин Убайдуллоев, сокини ноҳияи Варзоб, мегӯяд, хабари босуръат поин шудани қурби рубли русиро шунид ва нигаронияш афзуд. Ду писараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд ва ҳар моҳ барои чархондани зиндагии оила ба ӯ рубл мефиристанд.
Аз даргирии охир дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз ним сол гузашт. Марз баста ва додугирифт бас шудааст. Дар ин бора на танҳо сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ, балки намояндагони ду давлат ҳам мегӯянд. Ин вазъ ба ҳаёти одамон чӣ таъсир расонд? Аз соҳибкорону масъулони маҳаллӣ пурсидем.
То оғози эълони сафарбарӣ ба артиш дар Русия, даромади хонаводаҳои муҳоҷирон дар Тоҷикистон бештар шудааст.
Даҳҳо нафар имрӯз дар назди беморхонаи Истиқлоли шаҳри Душанбе ҷамъ шуданд, то аз ташхиси пизишкон гузаранд. Далели якбора ба беморхона рехтани сокинон эълони ташхиси ройгон буд.
Ёфтҳои бештар