Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, як сабаби асосии садамаҳои пурқурбонии вақтҳои охир дар кишвар, истифода аз мошинҳои куҳна аст. Ба ин хотир Хуршед Каримзода гуфт, аз 2-юми октябри имсол воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 ба Тоҷикистон манъ мешавад.