Даҳҳо тоҷир ва ронандагони мошинҳои боркаш мегӯянд, ки як ҳафта боз дар сарҳади Узбекистон бо Тоҷикистон дармондаанд ва наметавонанд маҳсулоти овардаашонро ба кишвар ворид кунанд.
Даҳҳо ронандаи тоҷик рӯзи чаҳорум аст, ки дар марзи Беларус ва Русия дармондаанд. Онҳо аз Аврупо ба Русия ва аз он ҷо ба Тоҷикистон раҳсипор будаанд. Мошинҳои онҳо рақамҳои аврупоӣ доранд. Масъулини Сафорати Тоҷикистон гуфтанд, мушкил бо айби ронанадагон пеш омадааст.
Тоҷирони тоҷику қазоқистонӣ дар ҳамоише дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ ва чигуна зиёд кардани додугирифтро баррасӣ карданд. Ҳамоиши тоҷирони ду кишвар субҳи 12-уми сентябр дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и Душанбе оғоз шуд.
Буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби ҷаримаи сокинон дар шаш моҳи аввали имсол 160 миллион сомонӣ даромад гирифтааст. Шаст дарсад бештар аз нақша.
Беш аз навад дарсади ниҳолҳои ангур дар Тоҷикистон аз сардиҳои зимистони гузашта талаф ёфтааст. Ба ин сабаб дар бозорҳои кишвар ва минтақа нархи як килограмм ангур тақрибан даҳ маротиба боло рафта, навъҳои хуштаъми ин мева камёб шудаанд.
Сабти ҳатмии IMEI (индентификатори байнулмилалии таҷҳизоти мобилӣ) дар Тоҷикистон арзиши телефону планшетҳоро "боло" бурдааст.
Яке аз пулҳое, ки аз болои он мошинҳои гаронвазн аз Чин ба Тоҷикистон молу маҳсулот меоранд, хатарнок шудааст.
Дар чанд ҳафтаи ахир қурби рубли русӣ якбора поин рафт ва ин ба зиндагии муҳоҷирони корӣ дар Русия бетаъсир намонд.
Тасмими вайрон кардани як бинои истиқоматӣ дар маркази Душанбе баҳси сокинон ва ширкати бинокории “Ориёно Сохтмон”-ро доғ кардааст.
Мақомоти Ҳинд мегӯянд, аз як шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия ҳангоми вурудашон ба шаҳри Деҳлӣ бештар аз 5 килограм тило мусодира кардаанд.
Палави тоҷикӣ, шакаробу қурутоб, фатиру кулча ва чойи сабзи тоҷикӣ. Чойхонае дар як гӯшаи Истанбули Туркия барои тоҷикони ин кишвар ва хориҷиён дастурхони тоҷикӣ ороста, фазои тоҷикона фароҳам овардааст.
Нархи гази моеъ як моҳи ахир дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафтааст. Агар аввали моҳи август як литр гази моеъ аз 4 сомонӣ камтар буд, пас 1 сентябр нархи он ба 6 сомону 10 дирам расидааст.
Ёфтҳои бештар