Як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон ҳукумати Тоҷикистонро барои муҷозоти, ба гуфтааш, "худсарона"-и хонаводаи мухолифон танқид кард.
"Шодӣ Шабдолов ба пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Чаноқ комилан зид буд. То охир аз фикри худ нагашт." Хабарнигор Аваз Юлдошев ёдвораашро дар бораи Шодӣ Шабдолов, раиси пешини Ҳизби коммунист ва вакили собиқи порлумони Тоҷикистон, ки 20-уми октябрми имсол даргузашт, бо ин ҷумлаҳо сар кард.
Пайвандони Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, мегӯянд, ки аз тӯлонӣ мондани ӯ дар Боздоштгоҳи Русия сахт нигарон ҳастанд.
Шодӣ Шабдолов, раиси пешини Ҳизби коммунист ва вакили собиқи порлумони Тоҷикистон, ки гоҳе аз рафтори мақомот сахт танқид мекард, дар 80-солагӣ даргузашт. Ӯ 25 сол роҳбари коммунистҳои Тоҷикистон ва чор карат вакили порлумон буд.
Сафири ҳукумати худгардони Фаластин дар Тоҷикистон ҳамлаҳои артиши Исроилро ба Навори Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ дар бештар аз даҳ рӯзи охир маҳкум кард.
Мақомот масъаларо шарҳ намедиҳанд, аммо дар як ҳафтаи ахир ҳадди ақал чор намояндаи мухолифин гуфтанд, пайвандони онҳоро дар Тоҷикистон аз барқ маҳрум кардаанд.
Як созмони мудофеи ҳуқуқи инсон аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки соҳибкору сиёсатмадори зиндонӣ Зайд Саидовро "ҳарчи зуд ва бе қайду шарт" озод кунанд.
Як ҳамлаи ногаҳонӣ рӯзи 7-уми октябри имсол ҷангро миёни Исроил ва гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” дигарбора аланга дод ва таваҷҷуҳро ба таърихчаи ин низоъ кашонд.
Нахустин сафари Владимир Путин баъд аз содир шудани ҳукми боздошти вай аз сӯи Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ, иштирок накардани нахуствазири Арманистон ва талоши эҳтимолӣ барои ҳамоҳангии сиёсатҳои кишварҳои ширкаткунанда аз нуқтаҳои қобили таваҷҷуҳи сарони кишварҳои ИДМ дар нишасти Бишкек хоҳад буд.
Таҳлилгароне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, мегӯянд, ин ҷанг на танҳо амнияти Ховари Миёнаро ба ҳам зад, балки миллионҳо нафарро дар саросари ҷаҳон нигарон кардааст.
Як намояндаи ИМА гуфтааст, кишварҳое, ки аризаҳои паноҳандагии мунаққидони ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт мекунанд, бояд дар назар дошта бошанд, ки ин афрод дар ватани худ бо хатари шиканҷаву бадрафторӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Ҳамлаи бесобиқаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил на танҳо талошҳоро барои эҷоди шароити нави амниятӣ дар Ховари Миёна, балки ормони фаластиниён ва пуштибони калидии онҳо – Эронро барои сохтани давлати алоҳида ба ҳам хоҳад зад.
Ёфтҳои бештар