Низомиёни Украина рӯзи 16-уми январ гуфтанд, ба ҳамлаҳои навбатии Русия дар шарқи ин кишвар муқовимат нишон медиҳанд. Ҳамзамон, тибқи иттилои мақомоти амрикоӣ, дар Олмон барои нерӯҳои Украина тамрини васеъмиқёси низомӣ барпо мешавад.
Толибон дар идомаи вайрон кардани муҷассама ва дигар осори миллӣ ва фарҳангӣ дар Афғонистон, ин бор "Муҷассамаи аспҳо"-ро дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, тахриб карданд.
Бар асари ҳамлаи мушакии Русия ба як бинои истиқоматӣ дар Днепри Украина 20 нафар кушта ва зиёда аз ҳафтод кас захмӣ шудаанд. Яке аз кушташудаҳо духтари понздаҳсола аст. Раиси вилоят Валентин Резниченко гуфт, ҳамла рӯзи 14-уми январ сурат гирифт.
Дар Украина як сарбозе, ки бовар меравад, неруҳои Русия дастгираш кардаанд, беному нишон шудааст. Волидони сарбозе, ки дар шаҳри Мариупол дастгир шуд, садои фарзандашонро дар як видео шинохтаанд.
Вазорати дифои Русия гуфт, неруҳои кишвар шаҳри шарқии Соледари Украинаро ишғол кардаанд, ки дар натиҷаи ҷангҳои сахт ба як вайрона мубаддал шудааст.
Русия бори дигар фармондеҳии нерӯҳои низомиашро дар Украина иваз кард. Вазорати дифои Русия рӯзи 11-уми январ гуфт, Валерий Герасимов фармондеҳи нерӯҳои он кишвар дар ҷанги Украина таъйин шуд.
Рӯзи 9-уми январ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳокимаи Сайфулло Соипов, муҳоҷири узбек, ки дар куштори ҳашт нафар муттаҳам аст, шурӯъ шуд.
Сокинон дар шаҳраки Орихеви вилояти Запороже, ки дар наздикии хатти ҷабҳаи ҷанги Русия зидди Украина қарор дорад, шабро дар таҳхонаҳо рӯз мекунанд.
Cозмони Милали Муттаҳид бори дигар аз мақомоти эронӣ хостааст, ки ба эъдоми (қатл) эътирозгарони зиндонӣ хотима диҳад. Кишварҳои дигар ҳам эъдоми эътирозгарон дар Эронро маҳкум кардаанд.
Чин баъд аз се сол паҳншавии бемории COVID-19 карантини маҷбурӣ ва маҳдудияти вуруди мусофиронро ба ин кишвар бекор кард.
Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи Маскав, низомиёни Рус ҳамла ба минтақаҳои Украина, аз ҷумла шаҳри Херсонро идома медиҳанд. Кремл ба муносибати Мавлуди Исои Масеҳ дар ҷанг бо Украина оташбас эълон карда буд.
Ёфтҳои бештар