Бо вуҷуди онки Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дастури боздошти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро баровардааст, аммо ӯ имрӯз, 6-уми декабр ба Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб сафар мекунад.
Як дипломати пешини Амрико муттаҳам шуд, ки даҳсолаҳо барои ҳукумати коммунистии Куба ҷосусӣ кардааст. Додситонҳои амрикоӣ аз ин парванда ба унвони яке аз густохонатарин мавриди хиёнат ба ин кишвар ном мебаранд.
Нерӯҳои ишғолгари Русия дар бисёре аз роҳҳо дар Украина мина гузошта, барои низомиёни он кишвар дарди сар офаридаанд. Аз ҳазорҳо минаи гузоштаи онҳо садҳо ададаш ба ҷони низомиён ва сокинони мулкӣ хатар дорад.
Аз замони оғози ҷанги Русия дар Украина то кунун на камтар аз 38 261 сарбози рус кушта шудаанд. Ин омори хабарнигорони бахши русии Би Би Си, расонаи интернетии “Медиазона” ва гуруҳе аз ихтиёриёнест, ки талафоти неруҳои Русияро бо такя ба манобеи боз ва дастрас ҳисоб мекунанд.
Пас аз ҳафт рӯзи оташбаси муваққатӣ, ҷанг миёни Исроил ва гуруҳи фаластинии "Ҳамос" дигарбора оғоз шудааст. Радиои артиши Исроил гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар субҳи ҷумъа минтақаҳои гуногуни Ғаззаро бомбаборон кардаанд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар рӯзҳои оташбаси муваққат дар Ғазза ба фаластиниҳои осебдида мадад мекунанд, вале "ин кофӣ нест".
Ҳенри Киссинҷер, собиқ вазири корҳои хориҷии Амрико, мушовири пешини амнияти миллии Кохи Сафед ва яке аз дипломатҳои машҳуртарин дар таърихи ИМА, рӯзи чаҳоршанбе дар 100-солагӣ даргузашт.
Ҷанги охир байни "Ҳамос"* ва Исроил ба ёди бархеҳо ваҳшати чанд даҳсола пешро овард. Қатли ом дар урдугоҳҳои Сабр ва Шатилаи Лубнонро, ки бар асари он дар аввали даҳаи ҳаштоди милодӣ севуним ҳазор нафар кушта шуданд.
Қатар эълон кард, ки Исроил ва гурӯҳи тундрави "Ҳамос"* оташбасро дар Ғазза барои ду рӯзи дигар дароз карданд, то битавонанд гаравгонҳо ва асирони бештарро мубодила кунанд.
Намозгузорон нагузоштанд масҷидашон дар шаҳри Лобняи вилояти Маскав вайрон карда шавад. Навори видеоии ин саҳнаро корбарон ба телевизиони "Настоящее время" фиристоданд.
Духтари чаҳорсолаи исроилӣ ва амрикоӣ, ки дар асорати Ҳамос буд, рӯзи якшанбе дар асоси созиши оташбас миёни ин гурӯҳ ва Исроил озод шуд. Ҷо Байден, президенти ИМА раҳоии кӯдакро истиқбол ва изҳори умедворӣ кард, ки оташбас давом хоҳад ёфт.
Дар пайи дархости раиси ҷумҳури Амрико аз нахуствазири Исроил дар бораи тамдиди оташбас бо гурӯҳи "Ҳамос", Бенямин Нетаняҳу гуфтааст, "омодаи анҷоми ин кор аст". Кобинаи Исроил ҳам шаби гузашта дар ин робита ҷаласа доир кардааст. Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" низ хостори тамдиди ин оташбаси муваққат шудааст.
Ёфтҳои бештар