Рӯзи 9 декабр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор мешавад. Соли ҷорӣ ин Иттиҳодро Қирғизистон роҳбарӣ мекунад.
Як маҳбуси собиқи рус, ки дар Украина ба асорат афтодааст, хостааст ӯро ба Русия надиҳанд. Ин сарбоз ба эҳтимоли зиёд аз сӯйи гурӯҳи ғайрирасмии низомии “ЧВК Вагнер” ба ҷанги Украина ҷалб шудааст.
Ахиран деҳаи Максимивкаи вилояти Миколаев, ки тӯли ҳашт моҳ зери назорати низомиёни Русия қарор дошт, аз нерӯи таҷовузгар раҳо шуд.
Зоҳиран, дар паи эътирозҳои давомдору афзоиши норизоиятҳо аз режим, мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба барҳам додани “полиси ахлоқ” иқдом кард.
Вакилони мардумии Қирғизистон ба вакилони Думаи давлатии Русия машварат додаанд, ки бо корҳои худашон машғул шуда, аз дахолат ба умури дохилии Қирғизистон худдорӣ кунанд.
Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбеи 1-уми декабр хостори кӯмаки бесобиқаи 51,5 миллиард доллар барои соли 2023 шуд, то ба кишварҳои ниёзманд ёрии инсонӣ фароҳам шавад.
Бунёдгузори "Alibaba" Ҷек Ма Чинро тарк карда, давоми ним соли ахир дар шаҳри Токио ба сар мебарад.
Кишварҳои узви паймони НАТО ваъда доданд, ки барои барқарории зербунёдҳои Украина, ки бар асари зарбаҳои Русия сахт вайрон шудаанд, кӯмак мекунанд.
Дар моҳи сентябр ва октябри имсол теъдоди маҳбусон дар зиндонҳои мардонаи Русия, ки дар миёнашон тоҷикон низ ҳастанд, 23 ҳазор нафар кам шудааст. Дар ин бора сомонаи “Медиазона” бо такя ба маълумоти Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои (ФСИН) хабар дод.
Дабири кулли НАТО рӯзи 29-уми ноябр гуфт, ин паймон кӯмак ба Украинаро афзоиш хоҳад дод ва бинобар нотавонии артиши Русия дар ҷабҳаи ҷанг, Владимир Путин аз зимистон ҳамчун силоҳи ҷангӣ истифода мекунад.
Додугирифти байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аввали соли 2022 афзудааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар як гузориши таҳқиқӣ маълум карда, ки аз кишварҳои минтақа ба Русия ва ё баръакс чӣ бурданд ва чӣ оварданд.
Фарида Муродхонӣ, ҳомии ҳуқуқи башар ва хоҳарзодаи раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, баъди даъваташ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои қатъи ҳама гуна иртибот бо мақомоти ин кишвар боздошт шуд.