Бо афзоиши тахминҳо дар бораи интихоби дигарбораи Доналд Трамп ба унвони раиси ҷумҳури Амрико, Владимир Зеленский, президенти Украина мегӯяд, пирӯзии Трамп дар интихоботи моҳи ноябр барои кишвараш сахт хоҳад буд.
Бо вуҷуди нигарониҳо дар ин бора, ки бо бозгашти эҳтимолии Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба Кохи Сафед, пуштибонии Амрико аз Киев коҳиш пайдо мекунад, Олмон тасмим дорад дар соли оянда кӯмаки низомии худ ба Украинаро то нисф коҳиш диҳад.
Расонаҳои амрикоӣ гузориш додаанд, ки мақомҳои ин кишвар дар ҳафтаҳои ахир ба маълумоте даст ёфта буданд, ки бар асоси он, Ҷумҳурии исломии Эрон нақшаи "террор"-и Доналд Трампро доштааст. Эрон ин гузоришҳоро "беасос" хондааст.
Доналд Трамп ду рӯз пас аз сӯиқасди ноком, расман ба унвони номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи президентии Амрико муаррифӣ шуд ва дар нахустин гом, сенатор Ҷей Ди Вэнс аз аёлати Огайоро номзади мансаби муовини раиси ҷумҳур эълон кард.
Доналд Трамп, президенти собиқи ИМА ва ҳоло довталаб ба номзадии курсии президентӣ дар як сӯиқасд захмӣ шудааст.
Президенти Украина Володимир Зеленский ба созиши нави паймони НАТО дар масъалаи дастгирӣ аз Украина, ки ҳафтаи равон дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви ин созмон дар шаҳри Вашингтон ба имзо расид, баҳои баланд дод.
Раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО аз интиқоли нахустин ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ба Украина хабар доданд. Ин ҳавопаймоҳои ҷангии сохти Амрико, аз Дания ва Ҳолланд ба Украина мунтақил шудаанд.
Як сокини 28 солаи Қирғизистон барои зархаридӣ ва ширкат дар ҷанги зидди Украина, дар ватанаш 5 сол зиндонӣ шуд.
Дар паи мулоқотҳои баҳсбарангезаш бо раҳбарони Русия ва Чин Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон (Венгрия) дар як номааш ба раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, “дар ду моҳи наздик дар ҷабҳаи Украина назар ба гузаштаҳо эҳтимоли талафот ва ҳодисаҳои ҷангии фоҷеабори бештар вуҷуд дорад."
Идораи назорати тағйири иқлим дар Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, моҳи июни соли равон гармтарин июн аз замони назорати ҳаво будааст.
Интихобот дар Эрон на озод ва на одилона буд, вале бо ин вуҷуд натиҷааш ғайримунтазира гардид. Интихоби ягона номзади ислоҳталаб, Масъуд Пизишкиён, ба мақоми президентӣ яке аз ҳамин натиҷаҳои ногаҳонӣ гардид.
Дар паи ҳамлаи эҳтимолии бесарнишини украинӣ, дар як қисме аз вилояти Воронежи Русия ҳолати изтирорӣ ҷорӣ шудааст.
Ёфтҳои бештар