Намояндагони идораи ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикобод гуфтанд, ба мардуми осебдида аз заминларза маводи зарурӣ дастрас карданд, аммо сокинон онро нокофӣ мехонанд. Баъзе зарардидаҳо шикоят доранд, ки феълан зери хаймаҳо ҳастанд ва ҳанӯз намедонанд, манзилҳои вайроншудаашонро чӣ гуна аз нав месозанд.