Бо гузашти даҳ моҳ аз муноқишаи маргбор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, як сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъача наметавонад, дигарбора ба пояш рост биистад. Темуралӣ Наврӯзов дар он ҳодиса захмӣ шуд ва табибон қисме аз пояшро буриданд. Мақомот ваъда дода буданд, пойи сунъӣ мегиранд, вале иҷро накардаанд.