Раҳбари Кумитаи кор бо занон аз пахши навори “истинтоқ”-и келин аз сӯи хушдоман дар Интернет, ки боиси сарусадои зиёд шуд, норозигӣ кард. Ӯ иддао дорад, ки пахши чунин наворҳо роҳи ҳалли масъала нест, вале фаъолони ҷамъиятӣ баръакси инро мегӯянд.
Волидонаш мегӯянд, аз марги овозхон Дамирбек Олимов як сол гузашт, аммо таҳаммули набуданаш барои хонадон ҳар рӯз бештар мегардад.
Шаш аспе, ки аз Қирғизистон ба ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон гузаштаанд, ба соҳибонашон бозгардонида шуданд. Мақомоти интизомии ноҳия гуфтанд, воқеа на ҳуҷҷатгузорӣ шуд, на расонаӣ.
Додситони минтақаи Кӯлоб марги пурсарусадои Абдуқаҳҳор Розиқовро баъди боздошт шуданаш аз тарафи маъмурони милиса шарҳ дод.
Арӯсе, ки навори истинтоқ шудани ӯ аз тарафи хушдоман дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёд ба по кард, аз хонаи шавҳараш рафтааст.
Оламбӣ Наимова дар синфи севум ва дар як мактаби миёнаи ноҳияи Муъминобод мехонад. Ба сабаби маъюбӣ ва сармову ях бастани роҳҳо наметавонад, ба дарс равад. Дӯстонаш, Маликаву Омина, ӯро танҳо намемонанд ва дарсро бо ӯ такрор мекунанд.
Даҳҳо сокини Исфара мегӯянд, дар муноқишаи соле пеш дар сарҳад бо Қирғизистон хонаву дари худро аз даст доданд, аммо ба ҷуз ваъда кумаке нагирифтанд.
Наздик ба сад сокини Кӯлоб бо талаби таҳқиқи одилонаи марги Абдуқаҳҳор Розиқов рӯзи 30-юми январ дар назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ шуданд.
Дар пайванд ба марги сарбоз Лутфуллои Давлатмаҳмад як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Майор З.Муродов "ба муносибати хунукназарона" (қисми яки моддаи 392-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам аст, ки ба марги сарбози қисми сарҳадбонии ноҳияи Панҷ сабаб шуда.
Сардиҳои камсобиқаи зимистони имсол маъмурияти ягона боғи ҷонваронро дар шаҳри Кӯлоб ба ташвиш овардааст.
Бозигарон ва мураббии дастаи "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ, дар ҷануби Тоҷикистон, имомхатиби масҷидро раҳбари даста интихоб карданд. Онҳо умед доранд, ки Саидакрам Сироҷев барои пешрафти даста ва роҳ ёфтани он ба мусобиқаҳои баланд мусоидат мекунад. Назарҳо ба кори ӯ яксон нест.
Бунёди бинои нави истиқоматӣ дар канори хонаҳои чаҳорошёна дар як маҳаллаи шаҳри Хуҷанд боис ба норизоятии мардум шуд. Сокинон мегӯянд, ширкати "Нури Дар-Дар" иҷозаи мақомотро ба даст оварда, вале назари мардум ва зарфияти маҳалларо ба эътибор нагирифтааст.
Ёфтҳои бештар