Ёдгорбӣ Собирова, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, баъд аз 48 сол зиндагии якҷоя расман аз шавҳараш ҷудо шудааст. Додгоҳ дар ин бора 20-уми ноябри имсол қарор баровард. Ҳашт фарзанди ӯ ба пардохтани "алимент" вазифадор гаштанд.
Искандар Маликии 34-сола, ҳамсараш Муаттархони 29-сола ва духтарашон Оишахони чаҳорсола рӯзи 7-уми декабр дар шароити мармуз ҷон бохтанд. Фарзандони дигари оила, Сумаяхони 6-сола ва Муҳаммадҷони 3-моҳа, ҳанӯз дар бемористон ҳастанд.
Тоҷикистон бозсозии роҳи Хистеварз-Соҳилоб (Арқа)-ро дар сарҳади ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Қирғизистон сар кардааст. Ин роҳ зиёда аз панҷ сол вайрон ва бо сабаби ҷанҷолҳои марзии ду тараф таъмираш имконнопазир буд. Ҳоло, пас аз маълум шудани хати марз, Тоҷикистон корро сар кардааст.
Сокинони ду бинои нави истиқоматӣ дар маркази Хуҷанд мегӯянд, се сол боз на ҳуҷҷати хонаҳоро гирифта метавонанд ва на шароити муносиби зист доранд. Масъулони ширкати бинокор қазияро шарҳ надоданд.
Наздикони як сарбоз дар Кӯлоб иддао доранд, ки ӯ бемор аст ва бояд ҳарчи зуд аз хидмат дар артиш озод карда шавад. Онҳо барои исботи гуфтаҳояшон санади тиббӣ ва навори писари беморашонро дар ихтиёри мақомот гузошта, вале то ин дам посух нагирифтаанд.
Даҳҳо сокини Пунук дар ноҳияи Ашт тақрибан як моҳ боз Акмал Ҳомидови ҳамдеҳаашонро ҷустуҷӯ доранд. Ӯ рӯзи 3-юми ноябр ҳамроҳи бародаронаш ба нигоҳубини чорво ба кӯҳу теппаҳо рафта, вале нопадид гаштааст.
Азиза Устобобоева, сокини ноҳияи Спитаменро бо гуноҳи ба марг расондани дӯстдухтари писараш, Суғдиёна Тоҷибоеваи 16-сола, ба панҷ сол зиндони низомаш сангин маҳкум кардаанд.
Дар ноҳияи Дӯстӣ, маҳалли иқомати ҳазорон туркмантабор дар вилояти Хатлон, имсол толеи сокинон баландӣ кардааст. Пас аз сармое, ки ду се сол пеш аҳволи анорзорҳои ноҳияро бад кард, имсол дарахтон дигарбора ҷон гирифтаанду ҳосил додаанд.
Дар ноҳияи Мӯъминобод даъвои як падар бо омӯзгори мактаб ҳанӯз идома дорад. Давлатмурод Алимшоев муаллимаи мактаб Шарифамоҳ Шаҳромиро ба он муттаҳам мекунад, ки писари хурдсолаш Муборизро зада, сабаби осеб дидани сараш шудааст. Мақомоти ноҳияву мактаб мегӯянд, даъвои падар асос надорад.
Як хонавода дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шикоят дорад, ки ноновари оила ҳангоми кор дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” маъюб шуда, ҳоло бистарист, аммо кумаки зарурӣ намегирад. Пармаи кӯҳ панҷ моҳ пеш Сабзалии Маҳмадалиро аз по афтонд ва аъзои баданашро шикаст.
Ёфтҳои бештар