Сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон хостори сода кардани низоми рафтуомад ё таъсиси гузаргоҳҳои иловагӣ мебошанд. Чанде аз бошандагони минтақа мегӯянд, барои дидорбинии пайвандонашон маҷбуранд садҳо километр роҳро тай намуда, маблағи зиёд сарф кунанд.