Ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон иддао кардааст, ки хориҷиён, аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Покистон, дар ҳамлаҳо дар ин кишвар даст доранд. Мақомоти тоҷик то кунун вокуниш нишон надодаанд.
Нахустин нишасти нозирони САҲА, ки барои мушоҳидаи ҷараёни интихоботи порлумонӣ ба Тоҷикистон омадаанд, рӯзи 22-юми январ бе баҳсу баррасии ҷиддӣ анҷом ёфт. Дар ҳоле ки намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо 60 расонаро даъват карда будаанд, ҳамагӣ чаҳор нафар ширкат карданд.
"Моро бегуноҳ донед ва озод кунед." Ин сухани охирини гумонзадҳо дар парвандаи маъруф ба "табаддулот" дар Тоҷикистон аст, ки рӯзи 22-юми январ паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳ садо додааст.
Додситон ба рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова 17 сол зиндон талаб кардааст.
Як сарҳанг ё полковники собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Русия дар Украина меҷангид, нопадид шудааст.
Як гурӯҳ аз сокинони кӯчаи Наврӯз дар шаҳри Турсунзода аз он нигарон ҳастанд, ки мумкин аст ҳар лаҳза аз хонаҳояшон маҳрум гарданд.
Дар баъзе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз порлумон хостааст, ки Шермуҳаммади Шоҳиёнро аз мансаби раиси Додгоҳи олӣ бигирад.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи март ягон номзад пешниҳод накардааст.
Арабистони Саудӣ барои ҳафт ҳазор оилаи камбизоат дар Тоҷикистон 490 тонна ёрии башардӯстона медиҳад. Ба ҳар хонавода қариб 70 кило орду равған ва лубиёву макарону шакар.
Табибони тоҷик аз анҷоми ҷарроҳие хабар доданд, ки то ҳол дар кишвар аз сӯи онҳо иҷро намешудааст. Ин ҷарроҳиии рагҳои мағзи сар бо усули бе бурриш буда, онро бори аввал дар бадани Сафо Азизов, сокини 16 солаи ноҳияи Ҳамадонӣ гузаронидаанд.
Муин Ғафуров, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC 311 шаби 19-уми январ дар шаҳраки Инглвуд, ки дар наздикии Лос-Анҷелеси Иёлати Калифорнияи Амрико мебошад, дар вазни сабуктарин Риня Накамураи ҷопониро шикаст дод.
Ёфтҳои бештар