Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Куриёи Шимолӣ дигарбора ба Русия сарбоз фиристодааст

Нерӯҳои Куриёи Шимолӣ. Акс аз 11-уми сентябри соли 2024
Нерӯҳои Куриёи Шимолӣ. Акс аз 11-уми сентябри соли 2024

Куриёи Шимолӣ дигарбора ба Русия сарбоз фиристода, бархеро дар вилояти Курски ҳаммарз бо Украина ҷойгир кардааст.

Дар ин бора Идораи истихбороти Куриёи Ҷанубӣ рӯзи 27-уми феврал хабар дод.

Теъдоди сарбозони фиристодаи Куриёи Шимолӣ дар соли 2025 ба Русия ҳанӯз маълум нест.

Соли гузашта идораҳои истихбороти Куриёи Ҷанубӣ ва Ғарб хабар доданд, ки Пхенян барои мадад ба Русия тақрибан 11 ҳазор сарбоз фиристод.

Маскав ва Пхенян истиқрори нерӯҳои навро ҳанӯз таъйид накардаанд.

Узбекистон маблағи "утилизатсия" барои мошинҳои барқиро чор баробар зиёд кард

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Узбекистон ҳаҷми андоз барои нобуд кардани нақлиёт ё “утилизатсия” барои мошинҳои барқиро чор баробар зиёд кардаанд.

Мақомоти Узбекистон ҳаҷми андоз барои нобуд кардани нақлиёт ё “утилизатсия” барои мошинҳои барқиро чор баробар зиёд кардаанд.

Бар асоси қарори ҳукумати ин кишвар, андоз барои нобуд кардани мошинҳои барқие, ки давоми 3 сол ахир истеҳсол шудаанд, 45 миллион сум ё 3,5 ҳазор доллар муқаррар шудааст.

Соҳибони мошинҳои барқие, ки се сол пеш тавлид шудаанд, барои “утилизатсия” 78 миллион сум ё 6 ҳазор доллар пардохт мекунанд.

Дар қарори ҳукумати Узбекистон омадааст, як ҳадаф аз ин тасмим ҳавасманд кардани корхонаҳои мошинсозӣ дар ин кишвар аст. Чун аз мошинҳои тавлидкардаи ширкатҳои BYD Uzbekistan ва ширкати зертобеи он BYD Central Asia, андоз барои маҳв кардан намегиранд. UzAuto Motors низ аз ин имтиёз бархурдор аст.

Сар аз соли 2024 дар Тоҷикистон низ аз ҳар нақлиёт андози нав барои нобуд ё маҳв кардан гирифта мешавад. Ин навъи андоз барои мошинҳои сабукрав ва мусофирбарҳои хурду калон – 1584 сомонӣ, барои мошинҳои боркаш ва махсус – 2880 сомонӣ, барои мототсиклҳо – 360 сомонӣ муайян шудааст. Мақомот мегӯянд, ин андоз аз ҳар нақлиёт як маротиба ситонида мешавад.

Намояндагони ИМА ва Русия дар Истанбул музокира мекунанд

Вохӯрии намояндагони Русия ва Амрико дар Арабистон. 18 феврали соли 2025
Вохӯрии намояндагони Русия ва Амрико дар Арабистон. 18 феврали соли 2025

Намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия рӯзи 27-уми феврал дар шаҳри Истанбули Туркия гуфтугӯ мекунанд. Дар ин бора Департаменти давлатии Амрико ва ҳам Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия хабар додаанд. Мақомдорони Туркия ҳам ин хабарро тасдиқ карданд.

Ба гузориши расонаҳои хабарӣ, мавзӯи ҷанг дар Украина дар ин музокирот баррасӣ намешавад. Кори сафоратхонаҳои Амрико ва Русия дар кишварҳои ҳамдигар аз мавзуъҳои суҳбат будааст.

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА пештар гуфта буд, бо Русия тавофуқ кардаанд, ки ҳама ҷойҳои кориро дар сафоратхонаҳо барқарор кунанд. Сафорати Амрико дар Маскав бо маҳдудият кор мекунад ва ҳама консулгариҳои ИМА дар минтақаҳои Русия корашонро қатъ кардаанд. Сабаб ин аст, ки Русия ва Амрико дар иқдомҳои мутақобила дипломатҳои ҳамдигарро ихроҷ карданд.

Моҳи октябри соли 2023 ИМА 225 дипломати русро ихроҷ кард. Русия ба Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ба кор гирифтани русиягиҳоро дар сафоратхонаҳои худ манъ кард. Пештар 70 дарсади кормандони ниҳодҳои дипломатии ғарбӣ дар Русия шаҳрвандони ин кишвар буданд.

Дар ҳамин ҳол ИМА то ҳол номзадии Александр Дарчиевро ба ҳайси сафири нави Русия дар Вашингтон тасдиқ накардааст. Амрико ҳам баъди сари кор омадани Доналд Трамп дар Русия сафири нав таъин накардааст.

Порлумони Қирғизистон ба баррасии созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон оғоз кард

Порлумони Қирғизистон.
Порлумони Қирғизистон.

Порлумони Қирғизистон имрӯз, 27 феврал ба баррасии созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон оғоз кард.

Хабаргузории қирғизии kaktus.media навишт, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар порлумон гуфтааст, "шурӯъ аз имрӯз муҳри махфӣ ё "барои истифодаи хидматӣ" аз созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон бардошта мешавад".

Ба гуфтаи вай, аз ин ба баъд ҳамаи масъалаҳо ошкоро баррасӣ хоҳанд шуд. Тошиев дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон аз вакилон даъват кардааст, ки "коғазу қалам бигиранд ва суханронии ӯро бо диққат гӯш кунанду нависанд ва суол диҳанд".

"То ин замон ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар шакли "барои истифодаи хидматӣ" буданд, зеро ҳангоми кор метавонистанд, шарҳу тавзеҳҳои гуногун сар зананд ва ба натиҷаҳо таъсири манфӣ расонанд. Аммо сар аз имрӯз мӯҳри "истифодаи дохилӣ" бардошта мешавад, мо ҳамаро ошкоро баррасӣ мекунем, зеро мо аллакай ба созиш расидем, имзо гузоштем. Баъди он, ки дар кумитаҳо (дар порлумони Қирғизистон. Р.О.) тарҳро баррасӣ мекунанд, ин ҳуҷҷат аз сӯи президент имзо гузошта мешавад. Баъдан мо барои тасдиқ (ратификатсия) ба порлумон бармегардем, баъди он президентҳо санади ниҳоиро имзо мекунанд, созишнома баста мешавад",-гуфтааст Тошиев.

Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз ин масъаларо шарҳ надодааст ва маълум нест, ки оё порлумони Тоҷикистон ба баррасии созишнома оғоз кардааст ё не.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 21 феврали имсол санад ё протоколи ниҳоии муайянсозии марзи ду кишварро имзо карданд. Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон, Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов, роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар се санадро имзо карданд. Инҳо:

  • Созишнома миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи марзи давлатӣ
  • Созишнома оид ба сохтмон ва истифодабарии роҳҳо байни Қирғизистон ва Тоҷикистон, ҷойгиршавӣ ва истифодабарии чорроҳаҳо
  • Созишнома миёни кобинаи вазирони Қирғизистон ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи дастрасӣ ба ба иншооти обтаъминкунӣ ва энергетикӣ

Аммо ҷузъиёти ин санадҳо расонаӣ нашудааст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, тарафҳо ҳанӯз дар масъалаи роҳҳо ва иншооти обрасонӣ ба натиҷа нарасидаанд.

Мақомоти қирғиз ахиран гуфтанд, ки рӯзи 31-уми марти имсол роҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар шаҳри Хуҷанд вомехӯранд. Дар ин бора Эдил Байсалов, муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон хабар дод ва гуфт, дидори роҳбарони се давлат, қадами муҳиме барои мустаҳкам кардани ҳамкориҳои минтақавӣ хоҳад шуд.

Ба гузориши расонаҳои Қирғизистон, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов созишнома дар бораи муайян кардани марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро имзо кунанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби даргириҳои хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.

Ронандаи тоҷик барои сабти ғайриқонунии муҳоҷирон муҷозот шуд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург ронандаи тоҷик Раҳматшоҳ Қурбоновро, ки бо автобус ба дарё афтида буд, барои сабти номи ғайриқонунии муҳоҷирон ҷазо додааст.

Хабаргузории ТАСС навиштааст, додгоҳ Қурбоновро 106 ҳазор рубл ё бештар аз ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима баст.

Зодаи Тоҷикистон ба он гунаҳкор шудааст, ки дар манзилаш беш аз 40 муҳоҷирро сабти ном кардааст, аммо дар асл онҳо онҷо зиндагӣ намекарданд.

Назари Раҳматшоҳ Қурбонов ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Ин зодаи Тоҷикистон ронандаи мусофирбаре буд, ки моҳи майи соли гузашта ба дарёи "Мойка" афтод. Дар ин ҳодиса 7 нафар ба ҳалокат расид.

Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург Раҳматшоҳ Қурбоновро ба 6 сол зиндон маҳкум кард. Тафтишот маълум кардааст, ки корфармо ба ронанда дар муддати чанд рӯз шароити кору истироҳати зарурӣ надодааст.

Ба нақли ҳамсари Раҳматшоҳ Қурбонов, вай як рӯз пеш аз ҳодиса 20 соат кор кард, вале раҳбараш баъди ҳамагӣ панҷ соати истироҳат, дубора ӯро ба кор хонд.

Ҳукумат барои баргардондани қарзи хориҷӣ 43 млн сомонӣ ҷудо кардааст

Ҳукумати Тоҷикистон барои баргардондани қарзи хориҷӣ аз Бунёди суботи рушди иқтисодӣ ё Фонди стабилизатсионӣ 43 миллион сомонӣ ё наздики 4 миллион доллар ҷудо кардааст.

Қарори ҳукумат 14-уми феврал содир шуда, Радиои Озодӣ 27-уми феврал бо он шинос шуд. Дар санад омадааст, 43 миллион сомонӣ аз ҳисоби суд ё фоидаи саҳмияҳои давлатӣ пардохта мешавад.

Имсол муҳлати пардохти пули евробондҳо ва ҳам як қисм қарзи "Эксимбонк"-и Чин фаро мерасад ва барои ҳамин, харҷи Тоҷикистон барои бозгардондани қарзи хориҷӣ як баробар зиёд мешавад.

Соли 2025 кишвар бояд 473 миллион долларро бояд бозпас бидиҳад. То ин вақт Тоҷикистон солона барои пардохти қарзи хориҷӣ ва баҳраи онҳо бештар аз 200 миллион доллар харҷ мекард.

Намояндагони Вазорати молия пештар гуфта буданд, ки ҷойи нигаронӣ нест ва барои бозпас додани қарзи хориҷӣ дар буҷа маблағҳои лозим пешбинӣ шудааст.

Бар асоси қарори нав, маълум мешавад, ки ҳукумат барои ин кор аз Фонди стабилизатсионӣ истифода мебарад.

Шумори қурбониёни суқути ҳавопаймо дар Судон ба 46 кас расид

Судон. Акс аз бойгонӣ
Судон. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Судон гуфтанд, ки теъдоди қурбониёни суқути ҳавопаймои низомӣ дар ин кишвар ба 46 кас расид. Даҳ нафар дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳодиса рӯзи 25-уми феврал рух дод.

Пештар хабаргузории "Reuters" бо такя ба изҳороти артиши Судон хабар дод, ки ҳавопаймои низомии Антонов суқут кардааст.

Дар баёния гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса низомиён ва ғайринизомиён ҷон бохтанд.

Ҷанг дар Судон байни артиш ва ниманизомиён (Нерӯҳои ҳимояти сареъ) дар моҳи апрели соли 2023 оғоз ёфт.

Бар асари ин ҷанг даҳҳо ҳазор кас кушта ва бино ба омори Созмони Милал зиёда аз 12 миллион нафар беҷо шудаанд.

Панҷ миллион доллар. Амрико "корти тилоӣ"-ро ба фурӯш мебарорад

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, тарҳи фурӯши "корти тилоӣ"-ро ба арзиши 5 миллион доллар муаррифӣ кард. Ин корт ба соҳибонаш имкон медиҳад, ки аз ҳаққи иқомат ва корофаринӣ дар Иёлоти Муттаҳида баҳраманд шаванд.

Трамп барномаро рӯзи 25-уми феврал дар Кохи Сафед эълон кард ва гуфт, "корти тилоӣ" то ду ҳафтаи оянда дастрас хоҳад шуд.

Ин барнома, ба иттилои раисҷумҳури Амрико, бештар одамони пулдорро зери назар дорад, то ҷойҳои корӣ эҷод кунанд. "Ҳосили даромад аз фурӯши корти тилоӣ барои коҳиши касри буҷа сарф хоҳад мешавад," – афзуд ӯ.

Президенти Амрико гуфт, "сарватмандон пули зиёд харҷ мекунанд, молиёти зиёд мепардозанд ва одамони бисёреро бо кор таъмин мекунанд. Фикр мекунем, ин тарҳ бисёр муваффақ хоҳад шуд."

Довталабон барои кортҳои тилоиро дар Амрико бодиққат месанҷанд. Мумкин аст, сарватмандони рус ҳам муроҷиат кунанд.

Трамп мегӯяд, "баъзе аз олигархҳои русро медонам, ки одамони бисёр хубанд. Ин имконпазир аст. Онҳо ба мисли пешина сарватманд нестанд, аммо ба фикрам, метавонанд, ки 5 миллион доллар пардозанд."

Пайомадҳои ҳамлаи Русия ба Харков ва Буча

Харкови Украина. Акс аз якуми феврали 2025
Харкови Украина. Акс аз якуми феврали 2025

Бар асари афтодани як ҳавопаймои бесарнишини Русия дар Харкови Украина камаш ду кас маҷруҳ шудааст.

Мақомот гуфтанд, ки паҳпод ба бинои баландошёнаи истиқоматӣ бархӯрд.

Дар умум шаби 25 ба 26-уми феврал дар гӯшаҳои Харков чаҳор ҳамлаи бесарнишинҳо сабт шудааст.

Русия ҳамчунин бо ҳавопаймоҳои бесарнишин вилояти Киевро нишон гирифт. Дар ноҳияи Буча як манзил сӯхта, ҷасади як нафар пайдо шуд.

Дар бораи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин дар шаҳри Киев низ гузориш шуд, аммо дар бораи зарар ва талафот иттилое дар даст нест.

Барфи зиёд ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистонро душвор кардааст

Роҳи Душанбе-Чаноқ
Роҳи Душанбе-Чаноқ

Боридани барфи зиёд ҳаракат дар баъзе аз роҳҳои асосии Тоҷикистонро мушкил кардааст.

Ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқ, гуфт, шаби 25 ба 26-уми феврал дар масири ягона аз пойтахт ба шимол чандин тарма фаромад.

Субҳи 25-уми феврал ронанда ва мусофирони мошини як сабукрав дар роҳи Душанбе-Чаноқ зери тарма монда буданд. Онҳоро наҷот додаанд.

Ба гузориши ширкати IRS, танҳо шаби гузашта дар роҳи Душанбе-Чаноқ 7 тарма фаромад ва боридани барф идома дорад. "Бартарафсозии тармаҳо идома дорад. Баробари кушода шудани роҳ, ҳатман иттилоъ медиҳем," -- навишт ширкат рӯзи 26-уми феврал.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз яхбандӣ, фаромадани тарма ва обхезӣ ҳушдор дода, аз сокинон хостааст, ки аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Ҳар сол дар охири фасли зимистон ва аввали баҳор фаромадани тарма ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистонро мушкил мекунад.

Навор дар Инстаграм:

Роҳбарони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар Хуҷанд вомехӯранд

Рӯзи 31-уми марти имсол роҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар шаҳри Хуҷанд вомехӯранд. Дар ин бора Эдил Байсалов, муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон хабар додааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора расман чизе нагуфтаанд. Ба гуфтаи Байсалов, дидори роҳбарони се давлат, қадами муҳиме барои мустаҳкам кардани ҳамкориҳои минтақавӣ хоҳад шуд.

Ба гузориши расонаҳои Қирғизистон, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов созишнома дар бораи муайян кардани марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро имзо кунанд.

Рӯзи 21-уми феврал ин санад аз сӯи роҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек имзо шуда буд.

Аммо ҷузъиёти се созишномае, ки аз сӯи Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев имзо шуданд, расонаӣ нашудааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад, дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби даргириҳои хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.

Қабули қатъномаҳо дар робита ба ҷанги Русия дар Украина

Қабули қатънома дар робита ба ҷанги Русия дар Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Шӯрои амнияти Созмони Милал (15 узв) қатъномаи пешниҳодии Амрикоро пазируфт, ки мавзеъгирии президент Доналд Трампро дар робита бо ҷанг дар Украина инъикос мекунад. Он назар ба мавқеи президенти пешин, Ҷо Байден, нисбат ба Русия оҳанги созишкорона дорад.

Овоздиҳӣ рӯзи 24-уми феврал гузашт. Даҳ кишвари узви Шӯрои амният аз қатънома ҷонибдорӣ, вале Фаронса, Бритониё, Дания, Юнон ва Словения аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд.

Дар иваз Маҷмаи кулли Созмони Милал ду қатъномаро тасвиб кард. Яке аз ҷониби Аврупову Украина ва дигаре аз тарафи Иёлоти Муттаҳида пешниҳод шуда, ба он ҳимояти лафзии Аврупо аз Киев илова гардид.

Қатъномаҳои Маҷмаи кул дар муқоиса бо Шӯрои амният хусусияти ҳатмӣ надоранд, вале мавзеъгириро ба ҷанг хуб намоиш медиҳанд.

Мариана Бетса, муовини вазири корҳои хориҷии Украина пеш аз овоздиҳӣ гуфт, кишвараш на танҳо барои ҳифзи истиқлол меҷангад.

Ӯ афзуд: “Ҷанг фақат марбут ба Украина нест. Манзур ҳуқуқи бунёдии ҳар кишвар барои будан ва интихоби роҳи худ барои зиндагии бидуни таҷовуз аст.”

Русия дар аввал талош кард, ба матни Амрико ишорае дар бораи “решаҳои низоъ” дохил кунад, аммо он қабул нашуд ва дар ниҳоят аз ин қатънома ҷонибдорӣ кард. Аз ин пеш талоши Аврупоро барои пуштибонии лафзии Аврупо аз Украина вето намуд.

Баъди овоздиҳӣ дар Шӯрои амният, иҷрокунандаи вазифаи сафири Амрико дар СММ Дороти Ши гуфт, қатънома роҳро ба сулҳ боз мекунад.

Ӯ афзуд, "ин қадами муҳиме буд, ки гузошта шуд ва акнун мо бояд онро барои бунёди ояндаи Украина, Русия ва ҷомеаи байнулмилалӣ ба кор барем”.

Вале ҳоло нигароние дар Украина ва Аврупо вуҷуд дорад, ки дар ҷараёни музокираҳо бо Русия ин ду ҷониб метавонанд аз тарафи Доналд Трамп канор зада шаванд.

"Айб наёфтанд." Блогери тоҷик озод шуд, вале Русияро тарк кард

Салмон (Ҷумъабой) Раҷабзода
Салмон (Ҷумъабой) Раҷабзода

Ҷумъабой Раҷабзода, блогери тоҷик, ки дар Инстаграм бо номи “Салмон” машҳур аст, баъди беш аз як сол, рӯзи 20-уми феврал, аз боздошт дар Русия раҳо шуд.

Вай рӯзи 24-уми феврал дар паёми видеоӣ гуфт, муфаттишон “ягон айб наёфтанд ва парвандаро бастанд.” Феълан барои як муддат аз ин кишвар берун шудааст.

Ин блогер, ки шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дошт, дар моҳи январи соли 2024 бо гумони “барангехтани кинаву адовати миллӣ ва паст задани шаъну шараф” дастгир шуд.

Кумитаи тафтишоти Русия он замон иддао кард, ки ӯ “бо нашру паҳни наворҳои саҳнасозишуда духтарони дорои чеҳраи славяниро таҳқир мекард ва шаъну шарафи онҳоро паст мезад.”

Баъзе аз расонаҳои Русия гуфтанд, гап сари наворе меравад, ки блогер гуё дар он гуфтааст “ба зудӣ ҳамаи духтарони рус аз мо мешаванд”. Салмон (Ҷумъабой) Раҷабзода ин иддаоро беасос хонда буд.

Худаш гуфт, тамоми муддате, ки дар ҳабс қарор дошт, барои исботи бегуноҳии худ талош кард: “Бовар доштам, ки бегуноҳиям исбот мешавад. Бисёр қонунҳоро хондам. Бо вакилони хуб кор кардам. Ба мақомоти Русия шикоят менавиштам. Ба хондани китобҳои ҳуқуқӣ машғул будам.”

Блогери тоҷик аз боздоштгоҳе дар Русия раҳо шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00

Боздошти блогер, ки худи ӯ ва ҳомиёни ҳуқуқ онро ба ғайрирус буданаш рабт медоданд, соли гузашта дар расонаҳо сарусадои зиёде ба по кард. Мақомот ва расонаҳои Русия ҳангоми арзёбии қазияи ӯ ҳамеша ба тоҷик буданаш ишора мекарданд, аммо хабари бекор шудани парвандаашро надоданд.

Салмон (Ҷумъабой) Раҷабзода, дар саҳифаҳояш дар Инстаграм ва ТикТок дар мавзуъҳои гуногун навору пурсишҳои ҳазломез мегузорад. Вай пеш аз боздошт гуфта буд, ки тамоми наворҳояш саҳнасозист ва касеро таҳқир ё нисбат ба нафаре бадрафторӣ накардааст.

Баъди боздошт мақомоти Русия шаҳрвандии ин зодаи Тоҷикистонро бекор кардаанд, аммо Салмон (Ҷумъабой) Раҷабзода мегӯяд, тибқи қонун ӯ бегуноҳ эътироф шуд ва бояд шиносномаи русияш барқарор шавад.

Аммо барои як муддат аз ин кишвар берун шудааст. Мегӯяд, бо вуҷуди исботи бегуноҳӣ дар Русия худро чандон амн эҳсос намекард: “Каме истироҳат мекунем. Гуфтанд, хатар нест, вале фикр кардам, ки беҳтар аст, як муддат аз Русия бароям.”

Дар гузашта ду блогери тоҷик дар Русия барои нашру паҳни аксу наворҳои ҷанҷолӣ ба муддати аз 10 моҳ то ду сол зиндон маҳкум шуда буданд.

Навор дар Инстаграм:

Идомаи ҳамлаи Русия бо мушаку паҳподҳо ба гӯшаҳои Украина

Шаҳри Вуҳледар, Украина. 23-юми феврали 2025
Шаҳри Вуҳледар, Украина. 23-юми феврали 2025

Нерӯҳои ҳавоии Украина хабар доданд, ки Русия шаби 24 ба 25-уми феврал бо мушаку паҳподҳо ба шаҳр ва минтақаҳои ин кишвар зарба задааст.

Мушакҳо аз ҳавопаймоҳои бомбафкани навъи Ту-95 аз шаҳри Энгелски вилояти Саратов партоб шуданд.

Радио Свобода, бахши русии Радиои Озодӣ, навишт, ҳавопаймои бесарнишини навъи “Шаҳид” тамоми шаб дар фазои чанд вилояти Украина дида шуд.

Дар вилоятҳои Киев, Харков, Днепропетровск, Херсон, Донетск, Наколаев, Житомир, Виннитса ва Черниҳов чанд бор хатари афтодани бесарнишинҳоро эълон карданд.

Дар вилояти Киев як зан маҷруҳ шуда, чанд манзил вайрон гашт.

Вазорати мудофиаи Русия дар бораи ҳамлаи паҳподҳо аз тарафи Украина хабар дода, иддао кардааст, ки аксари онҳоро дар фазои вилояти Брянск безарар гардонд.

Эълони оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шӯрои уламои Маркази исломӣ эълон кард, ки моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми март шуруъ мешавад.

Қарор дар ин бора рӯзи 25-уми феврал содир шуд.

Ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон нисоби закотро 36 ҳазор сомонӣ таъйин кардааст. Аз ин пул бояд 900 сомонӣ закот дода шавад.

Фитри рӯза барои як нафар 8 сомонист. “Садақаи фитр танҳо ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад,” – гуфта шудааст дар қарор.

Шӯрои уламо барои касоне, ки узри шаръӣ доранд ва наметавонанд, рӯзаи моҳи Рамазонро бигиранд, 480 сомонӣ барои 30 рӯз фидя муқаррар кард.

Гирифтани рӯза аз рукнҳои панҷгонаи дини Ислом ба шумор меравад. Зиёда аз навад дарсад аз аҳолии Тоҷикистон пайрави ин дин ҳастанд, вале солҳои охир мақомот аз афзоиши ифротгароии динӣ нигарон буда, садҳо нафарро бо ин гумон дастгиру зиндонӣ кардаанд.

Созмону кишварҳои ғарбӣ пайваста аз Тоҷикистон мехоҳанд, ки мубориза бо ифротгароии исломӣ ва терроризмро барои саркӯби дигарандешон ва мухолифони низом истифода накунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG