Дар Русия расо як миллион шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд. Ин рақамро Владимир Путин дар нишасти хабарии муштарак бо президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе зикр кард. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ҳангоми музокираҳои сиёсӣ ин рақамҳо барои даст ёфтан ба ҳадафҳо истифода мешаванд.