Дар натиҷаи ду ҳамлаи ҷудогона дар Қазон муфтии Тотористон маҷрӯҳ ва муовини ӯ кушта шуд. Мақомоти раёсати уламои дини Тотористон гуфтанд, ки муфтӣ Илдус Файзов дар натиҷаи таркиши мошинаш, ки аз ҷониби афроди номаълум бомбгузоришуда будааст, бо ҷароҳатҳои мухталиф ҷон ба саломат бурд. Ҳоло ӯ дар яке аз шифохонаҳои Қазон ба сар мебарад. Дар ҳодисаи дуюм муовини вай Валиуллоҳ Ёқубов дар назди хонаи худ аз тири туфанг ба ҳалокат расид.