Дар аксар бозорҳои Душанбе як халта орди навъи аввал аз 135 то 147 сомонӣ ба фурӯш меравад. Аммо раиси бозори "Шоҳмансур", Асомиддин Ризоев, ба "Озодӣ" гуфт, бо пешниҳоди ҳукумати Душанбе аз захираҳои давлатӣ ҳар рӯз ба ин бозор бо қимати 110 сомонӣ халтаи орд пешкаш мешавад. Ин дар ҳолест, ки харидорон мегӯянд, вақте комиссияи вижаи ҳукумати шаҳр дар бозорҳо пайдо мешавад, ордфурӯшон ночор нархи худро кам мекунанд. Дар ғайри сурат, ин навъи маҳсулот бо нархи гарон ба фурӯш гузошта мешавад.