Лаҳзаҳое аз ҷаласаи ҳайати доварони озмуни "Ман дар СССР зистаам" ва дар поёни он эълони натиҷаҳои сабқат.
Ҳазорон нафар аз сокинони Норвегия дар гиромидошти хотираи қурбониёни ҳамлаҳои маргбори 22 июл, ки беш аз 90 кушта бар ҷой гузошт, гирдиҳам омаданд. Сарвазири кишвар Йенс Столтенбергер ва мақомоти дигар ба китоби бузурги ҳамдардиҳо имзо гузоштанд.
Дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ фестивали «Боми ҷаҳон» ифтитоҳ ёфт. Дар тӯли се рӯз ҳунармандон аз Тоҷикистон, Қирғизистону Қазоқистон ва вилояти Бадахшони Афғонистон рақсу таронаҳои дилнишинро пешкаши мухлисон мегардонанд.
Дар таркиши Осло, пойтахти Норвегия, ҳафт ва дар як қароргоҳи тобистона бар асари тирандозӣ 96 нафар кушта шуданд.
Таркиш ва инфиҷор дар Норвегия
Дар ин ҷо 10 акси беҳтарини озмун гирдоварӣ шудаанд. Дар гӯшаи поёнии тарафи рост Шумо метавонед, бо интихоби шумораи ситорачаҳо ба ҳар акс баҳои муайян диҳед. Аз ҷамъи ин раъйҳо доварон бо изофа кардани баҳои худ барандагони се ҷои аввали озмунро муайян хоҳанд кард. Раъйи Шумо бисёр муҳим аст, зеро сарнавишти ширкатдорони озмунро ҳал мекунад.
Мудири иҷроӣ ва раиси News Corporation дар бораи моҷарои шунуди телефонҳои шахсӣ дар порлумони Бритониё баёнот дод. Писари ӯ, Ҷеймс ба ҳайси ноиби мудири иҷроӣ дар ин ҳамоиш дар паҳлуи падараш аз қурбониёни аъмоли кормандонаш узрхоҳӣ кард.
Дар вилояти Шинҷон, шимолу ғарби қаламрави имрӯзаи Чин асосан мусулмонон -- уйғурҳо, қазоқҳо, тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Дар ҳамин ҷо наздик ба 200 000 қирғизҳо низ зиндагӣ мекунанд, ки дурбин аз ҳаёти онҳо ҳикояте дорад.
Бозӣ миёни дастаҳои “Хайр” ва “Равшан” шоми шанбе бо пирӯзии дастаи меҳмон - “Равшан” бо ҳисоби 2:1 поён ёфт. Ин бозии мавқуфмондаи даври 19-уми сабқати Лигаи олии Тоҷикистон, ки 16-уми июл бо ҳузури беш аз ҳашт ҳазор мухлис дар варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, хеле тезу тунд сурат гирифт.
Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии ББС, ки дар таърихи 13-уми июн аз тарафи мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда буд, дуруст як моҳ пас ба озодӣ баромад.
Пас аз чанд рӯзи воқеа навори нави ҳайратоваре пахш шуд, ки таркишҳои 7-уми июл дар шаҳри Ободони Туркманистонро намоиш медиҳад. Мақомот ҳоло иқрор карданд, ки дар ин таркишҳо 15 нафар кушта шудаанд. Бино бар хабарҳо муаллифи ин навор захмӣ шуда, дертар дар бемористон даргузаштааст.
Ёфтҳои бештар