Шумори зиёди тарабхонаҳо дар пойтахти Тоҷикистон симои Душанберо аз Душанбеи замони Шӯравӣ тағйир додааст. Ҳоло дар ҳар маҳаллаи шаҳр тарабхонаҳое бо ному ғизоҳо ва хатто таббохони хориҷӣ дар хидмати сокинон ва меҳмонон қарор доранд. Ин аст, ки бидуни мушкил дар пойтахти Тоҷикистон тарабхонаҳои туркӣ, чинӣ, куриёӣ, гурҷӣ, эронӣ, русӣ, ҳиндӣ, уйғурӣ ва ғайраро пайдо мекунед...