Дар ҷомеаи Тоҷикистон назарҳо дар робита ба сари фармони мошин нишасти хонумҳо яксон нест. Зан имрӯз ҳамзамон бо анҷоми кори рӯзгор ва тарбияти фарзандон, баробар бо мардҳо кор мекунад, ҳамчунин ронандагӣ низ мекунанд. Ҳатто мардҳо дар баъзе маворид шӯхиомез мегӯянд, ки ҳар мошини нави хушрангу зебост, ронандааш ҳатман зан аст, зеро мардҳо маъмулан мошини кӯҳнаву бенури истифодашуда меронанд. Аммо мардҳо ба занҳои сари фармони мошини назари хуш надоранд, «шояд дар симои зани ронанда рақиби худр