Сабина Тағоймуродова, бонуи 18-солаи тоҷик, дуввумин варзишгари зан дар Тоҷикистон аст, ки унвони қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон дар риштаи "Таэквандо ITF"-ро соҳиб шудааст. Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Сабинаро беҳтарин зани варзишгар дар соли 2011 эълом кард. Ӯ танҳо бонуи варзишгари тоҷик буд, ки ба ин феҳрист шомил шудааст.