Рифат Алӣ Кёксал, сафири Туркия дар Тоҷикистон дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо “Радиои Озодӣ” дар мавриди ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон дар заминаи сармоягузорӣ, маориф ва мактабҳои Фатҳулло Гюлен дар Тоҷикистон гуфт.
Валерий Аҳадов – коргардони маъруфи Тоҷикистону Русия – дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи Душанбеи имрӯз, масъалаҳои муҳоҷират ва коргардонҳои ҷавони тоҷик изҳори назар кард.
Светлана Торно, мардумшиноси олмонӣ, ки тақрибан як сол сохтори хонаводаҳои суннатӣ ва нақши зан дар оила дар Тоҷикистонро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, занони тоҷик бо вуҷуди онки сахтӣ мекашанд, худро хушбахт меҳисобанд.
Рӯзи 17 феврал ТВ “Пойтахт” дар бораи пахши рақамии барномаҳои ин телевизион хабар дод. Дар як сӯҳбати ихтисосиаш бо радиои Озодӣ Сӯҳроб Рауфов дар бораи барномаву стратегияи кори телевизиони шаҳри Душанбе нақл кард.
Раҳбарияти нави Бунёди Сорос дар Тоҷикистон дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ барномаҳои ояндаи ин созмонро ошкор карданд.
Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар бораи стратегияи нави рушди Тоҷикистон, масъалаҳои ҳуқуқи башар ва мурофиаҳои зиндониҳои сиёсӣ изҳори назар кард.
Насим Олимзода, вазири нави тандурустии Тоҷикистон дар нахустин мусоҳибаи худ пас аз таъйин шудан ба ин мақом, дар бораи вазъи соҳаи тандустӣ дар кишвар, мушкилиҳо ва дурнамои он сӯҳбат кард.
Ҷефф Райденаур – масъули бахши иттилооти сафорати Амрико дар Душанбе – чанд моҳ боз ба таҳияи наворҳои таблиғотӣ дар бораи фарҳанги Тоҷикистон машғул аст. Ин дипломати амрикоӣ мегӯяд, он қадар шефтаи фарҳангу суннати тоҷикон шуд, ки ҳатто дар хонааш дастурхони тоҷикӣ густурда, дар рӯйи фарш кӯрпачаву болишт гузоштааст.
Дар шаҳри Ню-Ҷерсии Амрико давоми ду ҳафта, аз 14 то 28 январи имсол, намоишгоҳи наққошиҳои рассоми тоҷикистонӣ Владимир Глухов баргузор хоҳад шуд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сиёсати ҳукумат дар масъалаи мубориза бо ақидаҳои ифротӣ ҳимоят кард ва гуфт, истифодаи қувва дар қиболи гурӯҳҳои тундгаро як кори дурусту мантиқӣ буд.
Овозхони маъруф Зулайҳо Маҳмадшоева пардохти андоз аз фаъолияти эҷодиро барои овозхонҳои тоҷик як таҷрибаи раво медонад ва мегӯяд, ба унвони як “фарди ватандӯст” ба ин фикр аст, ки бояд ҳунармандон бояд ин муқарраротро риоя кунанд.
Ёфтҳои бештар