Зафари Суфӣ, раҳбари гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” мегӯяд, феълан ба яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдааст.
Шодӣ Шабдолов, вакили собиқи порлумон ва раиси пешини Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, гуфт, ки дар кишвар гуногунандешии воқеӣ боқӣ намондаст. Шабдолов пас аз се соли рафтанаш аз мақоми роҳбарии ҳизб хомӯширо шикаст.
Зубайдулло Зубайдов – сафири Тоҷикистон дар Кувайт – ҳамзамон ба ҳайси намояндаи расмии кишвар дар Ироқ ба кор сар кард. Ӯ рӯзи 8-уми январ дар шаҳри Бағдод эътимоднома супурд.
Бо гирдоварии исми беш аз 20 бонуи овозхон ва панҷ зани бастакори ду аср -- нимаи дуввуми асри 20 ва аввали 21, Ҳаётой Мӯъминова дар китоби тозанашри худ аз ҷойгоҳи онҳо дар рушди санъату мусиқӣ қисса кардааст.
Барзу Абдураззоқов – коргардони маъруфи тоҷик – пас аз фаъолияти сесола дар театри “Жаc Саҳна”-и шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ ҳадди ақал шаш соли охир дар Қирғизистону Қазоқистон зиндагӣ ва кор кардааст.
Муассиси ансамбли овозадори рақсии “Зебо” аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки солҳои охир бархе афрод ба машғулияти рақси духтарони аъзои хонаводаашон таҳти таассубҳои динӣ монеъ ва пеши роҳи рушди ҳунари касбии онҳо мешаванд.
Ёдгор Файзов – иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон – гуфт, ки бо гузашти ду моҳ аз замони таъйин шуданаш ба ин мақом аз кори худ чандон қаноатманд нест.
Пажӯҳишгари тоҷик дар Бритониё бо иттифоқи муҳаққиқони дигари тоҷику хориҷӣ китоби наверо бо номи «Ҳуввият, таърих ва масъалаи миллӣ дар Осиёи Марказӣ»-ро нашр кард, ки ба таҳқиқи мардуми сокини Помир бахшида шудааст. Ҳаммуаллифи дигари ин китоб Карол Фочер мебошад.
Мирослав Ниёзов, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон базудӣ тарки мақом мекунад. Дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ Ниёзов ба саволҳо дар робита бо интиқоди кораш дар ин мақом, вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва масоили дигар изҳори назар кард.
Мерилин Йосефсон, раҳбари нави намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, се ҳафта пеш ба Душанбе омад. Ӯ дар ин мақом Ҳидоят Бишчевичро иваз кард.
Интизор меравад рӯзи 7-уми октябр дар Ню-Йорк ҷаласаи муассисони ҷамъияти тоҷикони муқими Амрико баргузор шавад.
Як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон Набот Додхудоева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Хоруғ гуфт, умедвор аст, ки нафарони нав метавонанд вазъро тағйир дода, мушкилоти ҷойдошта дар ҷомеаро ҳал кунанд.
Ёфтҳои бештар