Пажӯҳишгари тоҷик дар Бритониё бо иттифоқи муҳаққиқони дигари тоҷику хориҷӣ китоби наверо бо номи «Ҳуввият, таърих ва масъалаи миллӣ дар Осиёи Марказӣ»-ро нашр кард, ки ба таҳқиқи мардуми сокини Помир бахшида шудааст. Ҳаммуаллифи дигари ин китоб Карол Фочер мебошад.
Мирослав Ниёзов, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон базудӣ тарки мақом мекунад. Дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ Ниёзов ба саволҳо дар робита бо интиқоди кораш дар ин мақом, вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва масоили дигар изҳори назар кард.
Мерилин Йосефсон, раҳбари нави намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, се ҳафта пеш ба Душанбе омад. Ӯ дар ин мақом Ҳидоят Бишчевичро иваз кард.
Интизор меравад рӯзи 7-уми октябр дар Ню-Йорк ҷаласаи муассисони ҷамъияти тоҷикони муқими Амрико баргузор шавад.
Як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон Набот Додхудоева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Хоруғ гуфт, умедвор аст, ки нафарони нав метавонанд вазъро тағйир дода, мушкилоти ҷойдошта дар ҷомеаро ҳал кунанд.
Дилрабо Самадова, раиси созмони «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» дар нишасти ҳуқуқи башари Варшава дар бораи нақши вакилони мудофеъ (адвокат) дар Тоҷикистон суҳбат кард.
Пас аз ду сол ҳайати Тоҷикистон зери раҳбарии Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава иштирок кард.
Наққоши маъруфи зодаи Тоҷикистон Владимир Глухов рӯзи 11 сентябр дар синни 57-солагӣ дар манзилаш дар Тюмени Русия даргузашт.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари президенти Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ натиҷаҳои сафари баландпояи ҳайати Тоҷикистон ба Тошкандро хулоса кард.
Дипломати 66-сола чанд ҳафта пеш аз тарки Тоҷикистон дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ дар бораи таҷрибаи кораш дар ин кишвар ва ҳам нақшаҳои худ баъди тарки мақом карданаш изҳори назар кард.
Кӯҳнаварди собиқадори тоҷик дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вижагиҳои фатҳи қуллаи Исмоили Сомониро шарҳ дод
Ёфтҳои бештар