Инсон аз азал фармонбардори ҳукми сарнавишт будааст. Зиндагӣ агар барои иддае бо шодиву сурур бигзарад, барои қисме бе рангу бӯ ҷилва мекунад. Вале дар асл, инсон офарандаи сарнавишти хеш аст ва ин ҳама таззодҳои зиндагӣ ба худи ӯ бастагӣ доранд... Ва хушбахт ё шӯрбахт шуданаш низ то ҷое ба ӯ вобаста аст. Бо ташаккур аз сомонаи Озодӣ, ки чунин имконеро фароҳам кардааст, ман ин ҷо қиссаи рустоидухтареро бароятон манзур мекунам. Қиссае аз зиндагӣ ва сабр.