Суҳроби Сафарзодро «Муини тоҷик» мегуфтанд, чун сабки ҳамин овозхон ӯро маъруф кард. Ҳар оҳанге, ки ӯ мехонд, як дунё роз дошт. Қиссаҳои кутоҳе буданд аз рӯзгори печидаву пур аз дардаш. Садои маҳзунаш ҳама ногуфтаниҳоро мегуфт.
Дар бораи Малика Сайидова
Вазорати омӯзишу парвариши Эрон таълими мусиқиро дар мактабҳои хусусӣ мамнӯъ эълон кард ва раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ гуфт, мусиқӣ набояд дар Эрон иҷро ва омӯхта шавад, зеро ба арзишҳои муқаддаси ислом созгор нест.
Аз ҳунари овозхонии Матлуба Раҳимоваи 24- сола чанд соли пеш танҳо хонаводаву ҳамдеҳагонаш хабар доштанд, аммо пас аз ширкати ӯ дар ҷашни «Фалак» дар соли 2008-ум ҳоло аз садои марғуби ин ҷавондухтари нобино дар сар то сари кишвар ҳарф мезананд.
Исми Таҳмина Ниёзова, овозхони ҷавон ва набераи шашмақомхонони варзидаи тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов, ду сол пеш бо барандаи шоҳҷоизаи озмуни «5 ситора-Интервидение» шудани ӯ вирди забонҳо шуд.
Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони хушсадои тоҷик, беш аз сӣ сол аст, ки барои ҳаводорон заҳмати самимонаву содиқона мекашад ва ҳар як оҳангро бо эҳсоси баланд иҷро мекунад. Ва бо ҳаракатҳои табииву садои фарқкунандааш дар дидаву қалбҳои ҳаводорони мусиқии ноби тоҷикӣ ҷо гирифтааст.
Меҳмони навбатии "Ситораборон"-и Озодӣ ҳунарманди шинохтаи мусиқии попи тоҷик Шабнами Сурайёст, ки шӯҳраташ марзҳои Тоҷикистонро убур карда, дар Осиёи Марказӣ, Эрону Афғонистон мухлиси зиёд дорад.
Меҳмони навбатии "Ситораборон" Нобовар - сарояндаи маъруфи гурӯҳи "Шамс" буд, ки баъд аз 13 соли ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои хориҷӣ ахиран ба Тоҷикистон баргашт.
Нобовар дар меҳмонии "Ситораборон"
Ҷонибек Муродов, фарзанди сарояндаи маъруф, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, аз овони тифлӣ дар олами созу суруд бузург шудааст.
Дар як гӯшаяки деҳаи Афғонони ноҳияи Рӯдакӣ, шафати шаҳри Душанбе, сохтмоне оғоз ёфтааст, ки бинои орзуҳои Фирӯза Ҳафизова, ситораи мусиқии попи тоҷик хоҳад буд.