Сафҳаи хонандагон
#8 Дар назди қуттии раъйдиҳӣ чӣ иттифоқ афтод?
Навори яке аз корбарон аз Душанбе ба гӯшаи озмуни "Лаҳзаҳои интихобот"
#4 "Ба ҷойи занам овоз медиҳам"
Ин видео дар ҳавзаи интихоботии рақами 2-и Душанбе гирифта шудааст.
#11 "Афсӯс, ин даъват самимона нест!"
Парвиз Бобошарифов маълул аст ва бо аробаи маъюбӣ ҳаракат мекунад. Ӯ орзу дошт, ки мисли одамони дигар ба ҳавзаҳои интихоботӣ рафта, овоз диҳад. Ба ӯ даъватномаи иштирок дар интихоботро доданд, аммо дар нуқтаи раъйдиҳии рақами 4-и ноҳияи Шоҳмансур чӣ иттифоқ уфтод, дар видео бинед. (Наворро Абуллоҳи Ғурбатӣ ба озмуни "Лаҳзаҳои интихобот" фиристодааст)
#3 Кӣ чӣ гуна раъй дод? Навори корбарон ба озмун
Ин наворро яке аз корбарон ба озмуни "Лаҳзаҳои интихобот" фиристодааст.
#1 Видеои нахустин ба озмуни "Лаҳзаҳои интихобот"
Видеоро яке аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ фиристод. Дар озмун ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд. Барои ин бояд лаҳзаҳои ҷолиби маъракаи интихоботиро ба навор гиранду ба Радиои Озодӣ фиристанд.
Шумораи пайравони Инстаграми Радиои Озодӣ ба ним миллион нафар расид

Рӯзи 16 феврали соли 2020 шумораи пайравони сафҳаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм ба 500 000 нафар расид. Ин дар ҳолест, ки ҳар ҳафта зиёда аз 8000 нафар ин сафҳаро меписанданд ва ба хонандаи доимии он табдил меёбанд.
Нахустин навишта дар ин сафҳа дар рӯзи 9 сентябри соли 2016 ба муносибати 25-солагии истиқлолияти миллии Тоҷикистон нашр шудааст.
Бештар шудани шумораи мухлисони Инстаграм дар Тоҷикистон ба зиёд шудани миқдори хонандагони сафҳаи Радиои Озодӣ сабаб гардид ва ахиран ба яке аз василаҳои асосии нашри хабару гузориш ва видеоҳои ин расона табдил ёфт. Танҳо дар як соли охир ба ин сафҳа матолибе гузошта мешаванд, ки махсус барои мухлисони он таҳия гаштаанд. Соли гузашта сафҳаи Инстаграми Радиои Озодӣ яке аз даҳ сафҳаи пурхонандатарини ин шабака дар Тоҷикистон номида шуд.
Бештари хонандагони сафҳа муқими Тоҷикистон буда, он ҳамчунин дар Русия, Узбекистон ва кишварҳои дигар низ мухлисони худро дорад. Синнусоли миёнаи пайравони сафҳа аз 18 то 54 аст, аммо 80 дарсади онҳо аз 18 то 34-сола мебошанд. То чанд вақти охир бартарии мутлақи мардҳо дар миёни мухлисони сафҳа дида мешуд, ҳоло 17 дарсади хонандагонро занон ва 83 дарсадро мардҳо ташкил медиҳанд.
Дар як соли гузашта видеоҳои ин сафҳа зиёда аз 25 миллион бор дида шудаанд. Вокуниши бинандагон ба матолиби сафҳа 350 дарсад бештар шудааст. Дар гузашта дар сафҳа танҳо акс ва матни кутоҳ нашр мешуд, сар аз моҳи апрели соли равон шабакаи телевизионии он фаъол гашта, силсилаакс ё нигористон ба яке аз бахшҳои умдаи сафҳа табдил шудааст. Дар як соли гузашта хонандагон наздик ба 4 миллион бор ба матолиби сафҳа вокуниш нишон додаанд.
Радиои Озодӣ ба ҳамаи онҳое, ки хабару гузоришҳояшро дар сафҳаи Инстаграм пайгирӣ мекунанд самимона изҳори сипосу миннатдорӣ мекунад ва аз онҳое, ки ҳануз бо ин сафҳа ошно нестанд, даъват менамояд, меҳмон ва мухлиси он шаванд.
Барф як роҳи муҳими Тоҷикистонро баст
Гурӯҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш аз он шикоят мекунанд, ки ду рӯз боз ба сабаби боридани барфи зиёд дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт банд мондаанд ва касе ба додашон намерасад. Мақомот мегӯянд, роҳ ба сабаби аз кор мондани як мошини борбар баста шудааст.
Хоҳиш. Ёрмандӣ кунед!
Ба мо кумак лозим айни хол хуччатхои мо дар дасти вкд- и (умвд) шахри Санкт-Петербург мебошад.
Барф дар Тоҷикистон, ҳавои офтобӣ дар Маскав
Ҳама мегӯянд дар тоҷикистон сарди ҳаво оғоз шуд барфҳам бори аммо дар маскав дигар вазъи ҳаво баръакс шуд офтоби аҷиб ҳарсол дар ин вақту соат барф то зону буд имсол дар тоҷикистон барф дар маскав ҳаввои офтобт🤔
Ҷой нишаст дар маршруткаҳои Душанбе
Наход ҷои нишаст дар маршруткаҳои шаҳри Душанбе ин қадар хурд бошад?!