Сафҳаи хонандагон
Туҳфа

Салом ин туьфа ба шумо аз Москов ман аз кучо фахмам ки туьфаи ман кабул гардид ? почтаи ман muhtorjon1991@gmail.com Гузошта шуд аз ҷониби Мухторбой
Манзараи зебо (Обшор)

Манзараи зебо (водопад) дар Лучоб (Варзоб) Гузошта шуд аз ҷониби Парвиз
Зулфикори Азиз

Зулфикори Азиз сарояндаи точикистон рухат шод бошад Гузошта шуд аз ҷониби беном
Санъати баланди Журналисти дар Точикистон

обо! хамин дар кадом чахорчубаи этикети журналисти мегунчад ? Гузошта шуд аз ҷониби Хонанда
Ёде аз Абдулло Султон ва Яғноби ӯ

Навори фиристодаи хонандаи Озодӣ Акобири Саидзод дубора моро ба ёди Абдулло ЧСултон, ин овозхони фақид, ки ҳама аз Яғноб месуруд, бурд.
Ҳаёти ҳунарии Абдулло Султон бо ду ансамбли "Шашмақом" ва "Дарё" сахт тавъам аст. Таронаҳои “Мустазод”, “Дуъои модар” ва “Тоҷикистон”-и ӯ дар хазинаи тилоии кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон сабт шудааст. Аммо ӯ бештар ҳамчун сарояндаи таронаҳои мардуми Яғноб шӯҳрат дошт. “Яғнобба обаш ширин”, “Яғнобба мурам”, "Яғноби шамолвабо" ва “Духтари яғнобӣ” аз чунин таронаҳоянд ва Абдулло Султон онҳоро чунон бо маҳорат ва самимона месуруд, ки мухлисонаш фикр мекарданд, ки ӯ худ низ яғнобист. Ҳол онки Абдулло Султон дар тамоми умраш танҳо як дафъа аз дараи пурафсонаи Яғноб дар кӯҳистони водии Зарафшон дидан карда будааст.
Мардуми Яғноб, ки шуморашон тақрибан 13 000 нафар тахмин зада мешавад, бо як забони хоси худ гуфтугӯ мекунанд, ки вориси забони суғдиву намояндаи оилаи забонҳои қадимаи эронии шарқӣ ба шумормеравад? Забоншиносон бар ин назаранд ки ин забон аз нигоҳи қаробат бо забони осетинӣ, ки низ аз хонаводаи забонҳои эронист, наздиктар аст, то ба тоҷикӣ. Дар асри 20 давлати Шӯравӣ аксари ин мардумро аз дараи душворгузари Яғноб ба водиҳои Ҳисору Вахш ва Зафаробод муҳоҷир кард, вале боз ҳам теъдоде аз яғнобиҳо дар ватани бобоии худ ба сар мебаранд.
Ин навори фиристодаи Акобири Саидзод ҳокист, ки меҳри овозхони фақид Абдуллои Султон дар дили мухлисонаш то ҳол чӣ қадар боқӣ мондааст. Дар воқеъ, "ҳаргиз намирад онки дилаш зинда шуд ба ишқ."
Иди Рамазон дар Маскав

Иди Шарифи Рамазон Гузошта шуд аз ҷониби Довлатов Наджмидд
Руза гиред, ки Худованд рузаро фарз гардонидааст!

Ассаломуалейкум варахматуллохи ваборакатух.Бародарон ва хохарон!