Сафҳаи хонандагон
Духтари Точик, шахрванди Швейцария

Ман бисёр хушхолам ки аввало бо хости Xудо ва двум бо шарофати Падар ва Модари худ, дар Кишвари Дунявӣ, Швейцария зиндагӣ мекунам,Ва ман бисер мехостам ки чавонони Точикистон ба мисли ман, хушбахт бошанд.Ин орзуи ягонаи ман мебошад. Гузошта шуд аз ҷониби Шукрона
Журналистикаи Точик

Имрузхо дар Точикистон хамчун нишондиханда демократия ва озодии сухан шумораи зиеди хафтаномахо ба кайд гирифта шудаанд. Агар мо ин кисми маколаи мазкурро барраси карда ба хафтанома мурочиат кунем, албатта онхо аз нигохи журналистика 1000 намуд баения меебанд, аммо агар аз нигохи фарханги точик гирем ое нашри чунин "лахзахои ангезанда" (барои чалби хонанда, барои ба рохи рост хидоят кардани хонанда е барои чи росташ намедонам...) ба мардуми мо хос аст? Рудакию Айнию Турсунзода бо чунин навиштач
Чаро занхои шавхардор сомонахои ичтимои медароянд?

Хами масъаларо тахти назорат гиред! Гузошта шуд аз ҷониби Бехруз Мухиддинов
точикистони азизи. ман

АССАЛОМУЪАЛАЙКУМ МУХЛИСОНИ РАДИОИ ОЗОДИ ШУМОРО БА ФАРОРАСИИ ИДИ ГАЛАБА. ТАБРИК МЕГУЙЕМ Гузошта шуд аз ҷониби МИРЗОАХМАДИ ДАРГИ
Се духтаракон...

Ин аксро яке аз хонандагони Озодӣ тавассути "Саҳифаи хонандагон" фиристодааст.
Бештари мардуми шахри ПАНЧАКЕНТ БЕ ХОНА МЕМОНАНД.

Аз мохи феврали соли чорй инчониб дар шахри Панчакент маъракаи густардаи дарахтбурриву тахриби манозил ва дукконхои ду тарафи хиебони Рудакй идома дорад.Ин дар холест,ки аз тарафи макомоти ичроия ш.Панчакент то хол ба сохибони манозили маскунй ва дукконхои тичоратй на замин чудо карда шудаасту на маблаге барои сохтмони чадид. Гузошта шуд аз ҷониби Сардор Саидзод
100 "кай?"-и Тоҷикистон

Ин матлаби кӯтоҳро яке аз хонандагони Озодӣ фиристода, аз бақия мехоҳад, то дар такмили ин "кайнома" кумакаш кунед.
Мову ту ҳамватанем ва дар ҳавои озоди Ватан нафас мекашем. Ватан, миллат, ваҳдат, озодӣ, истиклолият- чӣ гуфтаниҳои ширин ва гуворо. Афсӯс, ки ҳама пучанд, пучанд ба он маъно, ки ҳазорҳо саволи «кай?» ҳаст, ки ман бисёр мехостам ҷавобҳояшонро пайдо кунам. Инак «кай?»-хои беҷавоби ман:
1.Кай дар хонаи ман қувваи барқ доимо фурӯзон мешавад?
2. Кай фарзанди ман дар назди чароғи бобоӣ ва фурӯзонакҳои чинӣ дарс таёрккуниро бас мекунад?
3. Кай дар қубурҳои харобшудаи газ газ пайдо мешавад?
4. Кай аз сақфи синфхонаи мактаб об чакидан бас мекунад?
5. Кай дар мактабҳо гармидиҳии маркази муҷаҳҳаз мешавад?
6. Кай порахӯрон аз вазифа холӣ мешаванд?
7. Кай бе пораю «тағо» кори ман буд мешавад?
8. Кай мардумфиребии роҳбарон ба анҷом мерасад?
9. Кай дар донишгоҳҳо ба ҷои шиму курта ба ботини донишҷӯ нигоҳ мекардагӣ мешаванд?
10. Кай «тағодорҳо» дар чароғаки сурх нигарон мешаванд?
11. Кай адолат ҳукмфармо мешавад?
12. Кай?........................
Хонандаи азиз, аз Шумо бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ин рӯйхатро то ба 100 расидан давом диҳед!
Масҷиди Оббурдон дар Мастчоҳ

Мастчид аз нохияи мастчох дехаи оббурдон 1600 нафар одам мебарад ман мехохам аз хама гучо овозадихед??? Гузошта шуд аз ҷониби МуллоХусейн
Ҷашнвораи китоби кӯдакон дар Зафаробод

Санаи 09-апрел, дар китобхонаи бачагонаи ноҳиявӣ фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» ҷамъбаст карда шуд. Дар ҷамъбасти фестивал директори китобхонаи системаи марказонидашудаи ноҳияи Зафаробод Азизов Б. ва муаллимаву шоира Латофат Исломова ҳамаи иштироккунандагони фестивалро шодбош гуфта, иштирокчиёни фаъоли филиали китобхонаҳоро бо ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд.
Рӯзиева Суғдиёна Ҷӯраевна, хонандаи синфи 2-и МТМУ №1-и ноҳияи Зафаробод
Рӯзиева Суғдиёна Ҷӯраевна, хонандаи синфи 2-и МТМУ №1-и ноҳияи Зафаробод
Ҷашнвораи китоби кӯдакон дар Зафаробод

Санаи 02-04-2014 дар толори китобхонаи бачагонаи ноҳиявӣ кушодашавии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Китоб - уқёнуси донишҳо» бо иштироки хонандагони фаъоли китобхонаи бачагона ташкил карда шуд. Аз санаи 2 апрел то 8 апрел дар филиали китобхонаҳои ноҳияи Зафаробод фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» гузаронида шуд.
Рӯзиева Суғдиёна Ҷӯраевна, хонандаи синфи 2-и МТМУ №1-и ноҳияи Зафаробод
Рӯзиева Суғдиёна Ҷӯраевна, хонандаи синфи 2-и МТМУ №1-и ноҳияи Зафаробод
Ғазали муҳоҷират

Ин шеърро як хонандаи Озодӣ бо тахаллуси Муҳоҷири Зарафшонӣ тақдим ба артиши бузурги муҳоҷирони ғариби тоҷик фиристодааст. Бо ин як шарҳи кӯтоҳ ки "Ғазали муҳоҷират, хонед ва ҳаловат баред."
Нест ҷои кору хобат кӯча сарсон, тоҷикам.
Шаҳр рафтию ба ногаҳ ҳуҷҷатат пурсад касе,
Хотири ошуфтаат гардад парешон, тоҷикам.
Аз саҳар то шом меҳнат мекунӣ мардонавор.
Мондагиатро нафаҳмӣ, оҳанинҷон, тоҷикам.
Дар ҳама объектҳо ашки ҷабинат рехтӣ
Музди коратро надодандат, пушаймон, тоҷикам.
Бигзарад умри азизат аз зану фарзанд дур.
Хоби шабҳоят парад бо ёди онон, тоҷикам.
Сар ба оташ мезанӣ, хоҳ оташ асту хоҳ об.
Бо машаққатҳо биёбӣ бурдаи нон, тоҷикам.
Тирамоҳ вақти сафар ояд туро сӯи Ватан.
Мепарӣ бе болу пар бар Тоҷикистон, тоҷикам.
Нестӣ танҳо, бародар, ғам махӯр, монанди ту
Ман яке аз мардикорони ғазалхон, тоҷикам.
Хам нагардад қоматат аз кору бори зиндагӣ
Ай Худо, ояндаат гардад дурахшон, тоҷикам.
Рафта ба дарҳои ҳар як кордоре, ноилоҷ
Мекунӣ кори варо бо нархи арзон, тоҷикам.
Гарчи монанди ту бошад узбаку турку хохол.
Ту намеёбӣ миёни ҷумла армон, тоҷикам.
Дар сарат фикри падар, модар, бародар, хонаат.
Сарфи корат тӯю ҳам гаҳворабандон, тоҷикам.
Мехӯрӣ ин ҷо ту танхо равғану тухму хлеб.
То пули худро расонӣ то зимистон, тоҷикам.
Чун расидӣ бар Ватан бо маблағи русии худ
Курси русият шавад бар хок яксон, тоҷикам.
Ман намедонам, ту хҳм, охир намедонад ҳама,
То ба кай бошем ғарибу зору сарсон, тоҷикам.
Хонда ин шеъри ману ту ҳар касе дар сайтхо.
Мешавад гаҳ шоду хандон, гоҳ ҳайрон, тоҷикам.
Мо ҳама аз насли поки Рӯдакиву Ҳофизем.
Зинда бошӣ, миллати шеъру сухандон, тоҷикам!
Дар ватан кору корхона нест мо Парчам дорем

Дар Раисон гам нест мо Парчам дорем
Дар хонадон орду равган нест мо Парчам дорем
Дар дастурхон нону канд нест Барк, як дона шамъ нест
Шукрона, ки мо Парчам дорем
Кучахо хама холи мардум дур аз ватан дар мухочири
Дар фрудгох ба мухочирон чипта намонда мо Парчам дорем
Дар ватан корхонаи сакичу гугирд нест
Прачами осмонбусу тамашобин мо Парчам дорем
Парчами мо аз Кашмиру Хинд намоён
Дар ватан кору корхона нест мо Парчам дорем
Чашми модар дар интизор чашми фарзандон чор
Падарчон баргарде
Дар хонадон орду равган нест мо Парчам дорем
Дар дастурхон нону канд нест Барк, як дона шамъ нест
Шукрона, ки мо Парчам дорем
Кучахо хама холи мардум дур аз ватан дар мухочири
Дар фрудгох ба мухочирон чипта намонда мо Парчам дорем
Дар ватан корхонаи сакичу гугирд нест
Прачами осмонбусу тамашобин мо Парчам дорем
Парчами мо аз Кашмиру Хинд намоён
Дар ватан кору корхона нест мо Парчам дорем
Чашми модар дар интизор чашми фарзандон чор
Падарчон баргарде