"Оҳиста, эҳтиёт кунед, дуруст доред, оҳиста равед, оҳиста," -- ин ҳарфҳоро як марди солхӯрда бо илтиҷо ба афроде мегуфт, ки тобути оҳаниро аз фурудгоҳи Душанбе берун мебурданд. Дар ин тобути оҳанин ҷасади 51-умин зани тоҷик мехобид, ки дар Русия бар асари беморӣ даргузаштааст.