Дар маъракаи калони калоншавандае, шоҳиди чунин воқеае будам: садри маҷлис, ки аз рўи афту андом ва бузургии ҷисм, асири якумрии Бухенвалдро ба хотир меовард, мардумро ба фазлу одоб даъват намуда, шеър қироат мекард:
Ҳамчун донишҷӯ дар Донишгоҳи Ҳартфорд дар иёлати Коннектикут, китобҳои дарсиамро аз мағозаи интернетии Амазон харидорӣ мекунам. Ман калимаи “Тоҷикистон”-ро дар мағозаи китобфурушии Амазон ҷустуҷӯ карда китоби “Аз Тоҷикистон ба Моҳ”-ро дарёфт кардам, ки манро хеле ба тааҷуб овард. Хостам бештар маълумоте дар бораи ин китоб дошта бошам ва иттилооте дар бораи муаллиф пайдо намоям.
Шояд шунидан ё хондани қиссае дар бораи деҳае монанд ба «Қишлоқи тиллоӣ», ки дар он на дузд асту на хилофкор на хасису на дилозор, шуморо ба лабханд водор кунад. Аммо ман ин деҳаро дар кӯҳистони Муъминобод кашф кардам ва аз кашфи худ дар шигифт мондам.
Барномаи «Муҳаббат ба зиндагӣ», ки 30-юми октябри соли 2010 дар Боғи марказии Хоруғ баргузор гардид, такрибан 160 нафар аз дӯсторони санъати тасвирӣ ва дигар афроди хоҳишмандро гирди ҳам оварда, онро ба як иди наққошӣ табдил дод. Таҳиягарони ин барнома хонандагони синфи 11-и Литсеи Оғохон буданд.
Тоҷикистон ҳамчун шарики калидии стратегии Аврупо ва Ғарб дар Осиёи Марказӣ метавонад нақши муҳим бозад. Ман ин нуқтаи назарро дар номаҳои худ ба Президенти Парлумони Аврупо Ежи Бузек ва Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Дэвид Камерон аз натиҷаи сафаре, ки якчанд муддат қабл ба ин диёри дилпазири Осиёи Марказӣ анҷом додам, иброз намудаам.
Дар назди оина дандонҳои худро аз назар гузаронидм ва пас аз се сол нимтабассумҳо бо даҳони пур хандидам. Акнун он холигие, ки ҳини табассум кардан намудор мешуд, дар зери дандони зебои садафӣ пинҳон аст.
Устод Наҷмиддини Ковиёнӣ, донишманд ва пажӯҳишгари саршиноси Институти мутолиоти иҷтимоии Ҳолланд дар Амстердам, ин матлабро дар маҷаллаи “Ориёно” ба нашр расондаанд.
Ду адиб, ду марди адаб,- яке нависандаю дигаре шоир, яъне яке нозиму дигаре носир,- дар маъракае нишаста байни ҳам бо нимовоз, ба қавли худашон, сўҳбат ороста буданд.
Ин хабари кӯтоҳ аз як хонандаи торнамои "Озодӣ" бо номи Вафои Ҷӯрахон, аз шаҳри Кӯлоб, ба воситаи Facebook ба дасти мо расид. Ифтитоҳи маркази навро табрик мегӯем ва умедворем торнамои мо аз тариқи он хонандаи бештар пайдо хоҳад кард.
Дар фосилаи начандон дуре аз нуҳумин солгарди шаҳодати сипаҳсолори настуҳ Аҳмадшоҳ Масъуд қарор дорем. Дуруст, нуҳ сол қабл, дар яке аз рӯзҳои зебои поизӣ, ӯ ба дасти ду зархариди гумоштаҳои қудратҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ ҷоми шаҳодатро нушбод кард.
Ҳамлаи худкушона ё интиҳорӣ пойи номубораки хешро ба ватани мо ҳам гузошт. 3-юми сентябри соли 2010 дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун рӯзи нахустин таркиши худкушона сабт хоҳад гашт.
Ёфтҳои бештар