Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бомдоди чаҳоршанбе ба вақти Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи Fox News ҳушдор дод, ки агар тангаи Ҳурмуз "ба зудӣ" бозкушоӣ нашавад, Эрон ба шиддат ҳадафи ҳамла қарор хоҳад гирифт.
Раисҷумҳури Амрико гуфт, пас аз илтимоси Эрон ва дархости ҳампаймонҳои кишвараш дар Халиҷи Форс, "бузургтарин ҳамла аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувумро ба Эрон боздошт". Доналд Трамп афзуд, музокироти ду тараф рӯзи 3-юми август аз сар гирифта мешавад ва созиш дар мавриди тангии Ҳурмуз “ногузир аст”.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, субҳи 2-юми август эълон кард, ки ҳамлаҳои тоза ба Эронро мутаққиф кардааст.
Артиши Амрико пас аз таваққуфи наздик ба як ҳафта, ва дар пайи ҳамлаҳои мушакии Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Урдун, ҳамлаҳои наверо алайҳи Эрон анҷом додааст.
Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии исломӣ тасдиқ кард, ки дар ҳамлаи Украина ба киштии эронӣ дар баҳри Хазар, як корманди киштӣ ҳалок ва як каси дигар захмӣ шудааст.
Вазири корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, таҳдиди Эрон ба ҳаракати озоди киштиҳо дар тангии Ҳурмуз на танҳо барои тиҷорати ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад, балки метавонад, як собиқаи хатарнокеро барои роҳҳои баҳрии баҳсбарангез дар Осиё ба миён орад.
Нерӯҳои амрикоӣ рӯзи душанбе ҳамлаҳои ҳавоиро ба Эрон идома доданд ва Ҷумҳурии Исломӣ дар посух ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Даргирии ду ҷониб баъд аз як танаффуси кӯтоҳ нуҳ рӯз боз идома дорад.
Нерӯҳои Амрико ҳамлаҳоро ба иншооти гуногун ва таъсисоти низомии Эрон сахттар карда, бино ба гузоришҳо, ба пулу роҳҳои оҳан ва як фурудгоҳ зарба заданд. Дар посух ба ин, Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ ҳамла кардааст.
Фармондеҳии маркази артиши Амрико ё СЕНТКОМ аз оғози даври нави муҳосираи баҳрии Эрон хабар дод. Эрон ҳам гуфт, ки дар вокуниш пойгоҳҳои Амрикоро дар Ховари Миёна ҳадаф қарор додааст.
СЕНТКОМ рӯзи 14-уми июл эълон кард, ки бо ҳадафи ҳимоят аз убури амн аз тангаи Ҳурмуз ва кам кардани тавоноии Эрон, ба чандин ҳадаф дар дохили хоки Эрон ҳамла кардааст.
Ёфтҳои бештар