Чанд расонаи Амрико бо такя ба манбаъҳои худ хабар доданд, ки президент Доналд Трамп дар фикри фиристодани ҳазорҳо нерӯи заминӣ ба Ховари Миёна аст. Худи ӯ рӯзи 19-уми март нақшаи ҷобаҷо кардани нерӯҳои бештарро дар минтақа рад намуд, вале ҳамзамон ишора кард, ки ҳама “дарҳо боз мемонанд”.
Як созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, он шаҳрвандони Русия, ки ҷанги зидди Украинаро маҳкум карда, аз сафарбарии умумӣ ё басеҷ ба Қазоқистон паноҳ бурда буданд, зери зарба ҳастанд.
Баъди он ки Теҳрон гуфт, интиқоми кушта шудани Алии Лориҷониро меситонад, мавҷи ҳамлаҳои мушакии Эрон сабаби марги ду нафар дар Исроил гашт. Рӯзи 18-уми март дар Байтулмуқаддас (Исроил) ва Дубай (Имороти Муттаҳидаи Араб) низ садои чанд таркиш шунида шуд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, бисёре аз ҳампаймонҳои Иёлоти Муттаҳида дар НАТО гуфтаанд, хоҳиши иштирок дар амалиёти низомӣ алайҳи Эронро надоранд. Ӯ ин иқдомро "хатое бисёр аҳмақона" хонд.
Масъулони ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон мегӯянд, ки бар асари ҳамлаҳои ҳавоии шаби гузаштаи Покистон ба як дармонгоҳ дар шаҳри Кобул садҳо нафар кушта шудаанд.
Сиёсатшинос Ариэл Коҳен дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ нақши нафтро дар масоили геополитикии Эрон, имкониятҳои маҳдуди ин кишвар дар таъсиргузорӣ ба вазъи бозор ва далелҳояшро дар заминаи бартарияти Амрико ва ҳампаймонҳои он дар ин муборизаҳо шарҳ дод.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор дод, ки агар ҳампаймонони Иёлоти Муттаҳида дар кушодани тангаи Ҳурмуз ҳамкорӣ накунанд, паймони низомии НАТО ба ояндаи "бисёр баде" рубарӯ хоҳад шуд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 14 март гуфт, "Эрон мехоҳад созише анҷом шавад, аммо ман намехоҳам чунин созишро бипазирам, чун шароити он ҳанӯз ба андозаи кофӣ хуб нест".
Чанд соат пас аз таъкиди раҳбари нави Ҷумҳурии исломӣ дар бораи бастани тангаи Ҳурмуз, ду дипломати баландпояи Эрон эълон карданд, ки ин кишвар нияти бастани ин оброҳаи стратегиро надорад.
Манбаъҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтанд, қарор аст, арзёбии мақомоти низомии Амрико дар бораи ҳамлаи маргбори мушакӣ ба як мактаби духтарона дар Эрон базудӣ ба Конгресс пешниҳод шавад. Ин дар ҳолест, ки гузоришҳо дар бораи эҳтимолан аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида анҷом шудани ҳамла меафзояд.
Фармондеҳии низомии Эрон рӯзи 11-уми март эълон кард, ки дар пайи ҳамлаҳои нав ба киштиҳои тиҷоратӣ дар Халиҷи Форс, ҷаҳон бояд ба боло рафтани арзиши нафт то 200 доллар барои ҳар бушка омода бошад.
Ёфтҳои бештар