Ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон занону духтаронро аз кор, таҳсил, рафтан ба боғ, толорҳои варзишӣ ва ҳаммом манъ кардааст. Занон ҳамчунин иҷоза надоранд, ки бе роҳбаладии мардони оила аз хона берун шаванд ва бояд тибқи қонунҳои бераҳмона зиндагӣ кунанд.
Ҳар сол шуморе аз занону духтарон дар Эрон бо гуноҳи ба истилоҳ “қатлҳои номусӣ” аз дасти хешовандон кушта мешаванд.
Ҳокимони тундрави Толибон дар Афғонистон аз иштирок дар конфронси байналмилалӣ оид ба таълими духтарон дар ҷаҳони Ислом худдорӣ карданд.
Мақомоти Тоҷикистон Тамкини Меҳробиддин, як паноҳҷӯи афғонистониро, ки қаблан аз хушунати хонаводагӣ шикоят дошт, аз кишвар ихроҷ (депорт) кардаанд.
Фақру бекории давомдор баъзе аз занонро дар Туркманистон ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст, то аз ин роҳ аъзои оилаи худро хӯронанду пӯшонанд. Чанде аз онҳо дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз хушунат, истисмори пулис ва таънаву маломати ҷомеа ҳам шикоят карданд.
Як духтари афғонистонӣ аз ҳукумати Қазоқистон дархости паноҳандагӣ кардааст. Фаридаи 23-сола мегӯяд, ба далели ҳамкорияш бо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи занон дар Афғонистон таҳти ҷустуҷӯст. Ҳомиёни ҳуқуқ аз он нигаронанд, ки ба Фарида дар ватанаш ҳукми қатл таҳдид мекунад.
Барномаи ҳунарии овозхон Парасту Аҳмадӣ бидуни ҳиҷоби маҷбурӣ дар Эрон дар сархати хабарҳо ҷой гирифт.
Дафтари бунёди кӯдакони СММ - ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон мегӯянд, дар ин кишвар фақат 68 дарсади духтарҳо таҳсили худро дар синфҳои болоии 9-11 идома медиҳанд.
Дар миёнаи моҳи августи соли 2021, вақте Толибон дубора Кобулро тасарруф карданд, ваъда доданд, ки ҳуқуқи занонро дар чорчӯби шариати ислом риоя карда, ба онҳо ҳаққи кор, омӯзиш ва нақши фаъол дар ҷомеа хоҳанд дод. Ин чизе буд, ки Толибон гуфтанд, аммо иҷро накарданд.
Дар миёнаи моҳи августи соли 2021, вақте Толибон дубора Кобулро тасарруф карданд, ваъда доданд, ки ҳуқуқи занонро дар чорчӯби шариати ислом риоя карда, ба занон ҳаққи кор, омӯзиш ва нақши фаъол дар ҷомеа хоҳанд дод. Ин чизе буд, ки Толибон гуфтанд, аммо иҷро накарданд.
Дар ҳамаи ин ҳолатҳо, баъди рӯй додани фоҷеа, яъне куштор ё худкушӣ, аксарият мепурсанд, ки чаро аз ин даҳшат пешгирӣ карда нашуд? Чаро зан муносибати бераҳмонаву хушунатро таҳаммул кард, ба касе лаб накушод ва ҳамсари бераҳмашро тарк накард?
Медонед, ки ҳар соат дар ҷаҳон панҷ зан аз дасти аъзои оилааш кушта мешавад
Ёфтҳои бештар