Шаҳбоз Маҷидов, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе, як ҷавони замонавӣ аст, аммо фароизи исломро ҳам риоя мекунад.
Мақомоти тоҷик барои танзими одобу либоси намозгузорон дар масҷид дастурамали махсусе омода кардаанд. Пӯшидани либоси мувофиқ барои намоз яке аз бахшҳои аслии, дастурамали "Одобномаи намозгузорӣ дар масҷид" аст.
Исми Шамшод Муҳиддинов имомхатиби масҷиди ҷомеаи деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор пас аз нашри як видео кутоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вирди забонҳо шуд.
Бино ба Консепсияи нави сиёсати давлатии Тоҷикистон дар умури дин айни замон дар кишвар 3900 масҷид, 1 ҷамоатхонаи пайравони мазҳаби исмоилия ва 68 ибодатгоҳи пайравони динҳои ғайриисломӣ сабтином шудааст.
Идораи кор бо занон ва оила дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, барои маълум кардани занону духтарони ҳиҷобпӯш “рейд” гузарондааст.
Дар шаҳри Тошканд ҳангоми фурӯши нахустин китоби Қуръон, ки дар Узбекистон нашр шудааст, навбатпоии тӯлонӣ ба вуҷуд омад. Гузоришгари бахши узбекии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар таърихи истиқлоли ин кишвар нахустин бор аст, ки мардум барои харидани китоб чунин навбат мепоянд.
Муҳаммад бин Салмон – валиаҳди Арабистони Саудӣ – эълон кард, ки занон ба пӯшидани чодар ё ҳиҷобу рӯсарии сиёҳ муваззаф нестанд. Ба шарти онки, ба қавли ӯ, “либоси муносиб ва муҳтарамона ба бар кунанд”.
Шӯрои уламо, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, аз сокинон хост, ки аз Ҳаҷҷи такрорӣ ва, бахусус, аз фурӯхтани хонаҳояшон ба хотири зиёрати Хонаи Худо худдорӣ кунанд.
Идораи зиндонҳои Русия мегӯяд, ки бо афзоиши маҳкумшудагони мусулмон аз ҷумлаи шаҳрвандони Осиёи Миёна дар зиндонҳои Русия, тундгароии исломӣ дар миёни бошандагони маҳбасҳо афзоиш меёбад.
Мақомоти Қазоқистон мехоҳанд, истилоҳҳои нав ба мисли “равияи табаҳкори динӣ” ё “ифротгароии мазҳабӣ”-ро ба қонунгузории ин кишвар дохил кунанд. Вазири корҳои дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон мегӯяд, бо ин роҳ метавонанд, ки ба фаъолиятҳои тахрибкорона баҳои қонунӣ диҳанд.
Гулнисои 33-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳар рӯз ҳангоми рафтан ба кор зери заррабини наздикон, ҳамсояҳо ва баъзе аз роҳгузарон қарор мегирад. Гоҳе ӯро барои домани кӯтоҳаш танқид мекунанд ва гоҳе дигар мехоҳанд, ки “мусулмони ҳақиқӣ” шавад.
Масҷид, калисо, каниса ва ҳама гуна иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон муваззаф шуданд, дар бораи даромадҳо ва молу мулк ва даромади кормандонашон ба мақомот гузориш бидиҳанд.
Ёфтҳои бештар