Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, фурӯши наворҳои амри маъруфи рӯҳониёни шинохта Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Нуриддинҷонро дар дӯконҳову бозорҳои минтақаи Қӯрғонтеппа пурра ҷилавгирӣ кардаанд.
Дар Тоҷикистон, ки то имрӯз соҳиби беш аз 100 000 ҳоҷӣ шудааст, ин унвони баланд ба як навъ бренд табдил ёфта ва ҳар кас барои гирифтанаш талош мекунад. Вале номи "Ҳоҷӣ" дар бисёр ҳолатҳо соҳибашро аз аъмоли бад манъ намекунад.
Фарзандони як овозхони ансамбли "Фалак" аз ӯ хостаанд, ки тарки ин пеша кунад ва боқии умрашро дар ибодати Худованд гузаронад. Сароянда мегӯяд, ки аз ин касбаш дил канда наметавонад ва умедвор аст, ки фарзандонаш ӯро мефаҳманд.
Муфтиёти Русия ва идораи мусалмонҳои шаҳри Маскав дар як изҳорот иддаои мақомоти амниятии Тоҷикистон дар бораи вуҷуди нуқтаи ҷалби намозгузорон ба ҷанги Сурия дар масҷиди “Проспект Мира”-и пойтахти Русияро рад кардаанд.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода хостори таъсиси як шабакаи моҳвораӣ барои таблиғи Исломи мӯътадил шудааст.Муҳиддин Кабирӣ дар Теҳрон гуфтааст, ки танҳо дар сурати расидан ба як ҷомеаи озод, ки инсон дар он соҳиби каромат бошад, метавон пеши роҳи ифротгароиро гирифт.
Гуфторе аз печидатарин масъалаҳои дину мазҳаб бо содатарин баён ва бозтоби фарогири паҳлуҳои гуногуни масъалаҳо.
Дин ва ҷомеа. Гузориш, мусоҳиба, сӯҳбатҳои мизи гирд дар бораи муносибати давлат ва дин. Шарҳи фатво ва нукоти мазҳабӣ.
Намозгузорон дар орзуи бозгашти айёмеанд, ки дар масҷидҳо онҳо буданду ҷойнамозу Худо.
Шариф Мираков, капитани милиса, ки ним сол пеш бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни мамнӯъи салафия боздошт шуда буд, 52 000 сомонӣ ҷарима баста шуда, бо ҳамин аз толори додгоҳ озод шудааст.
Ёфтҳои бештар