Бино ба хабари "Ҳиндустон Таймз", нерӯҳои "Толибон" Рӯҳуллоҳ Солеҳ, бародари калонии Амруллоҳ Солеҳ, ноиби президенти барканоршудаи Афғонистонро куштаанд.
"Даргириҳои ҳозира дар Панҷшер идомаи занҷиравии қатли Аҳмадшоҳи Масъуд дар бист соли пеш аст." Ин ҷумла рӯзи 10-уми сентябр дар маҳфили ёдбуди қаҳрамони миллии Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд, дар сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе садо дод.
Пас аз даъвати Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар рӯзҳои охир дар Кобул, Теҳрон ва Машҳад гирдиҳамоиҳо алайҳи “Толибон” ва Покистон баргузор шуд. Ин эътирозҳо рӯзи 9-уми сентябр низ идома ёфт.
Президенти барканоршудаи Афғонистон, Ашраф Ғанӣ, талош кард, фирори ногаҳонии худро аз Кобул, ки сабаби ба дасти ҷангҷӯёни “Толиб” гузаштани пойтахти Афғонистон дар рӯзи 15-уми август шуд, шарҳ диҳад.
Бо вуҷуди тирандозиву шаллоқзанӣ, тазоҳуроти занони афғон ба зидди “Толибон” зиёд мешавад. Онҳо бо талаби ҳимояти ҳуқуқи хеш ба хиёбонҳо мерезанд ва аз ҷангҷӯёни “Толиб” ҳам наметарсанд.
Баъд аз он ки ҷангҷӯёни "Толибон" роҳпаймоиҳои беиҷоза ва иштироки занонро дар бозиҳои варзишӣ манъ карданд, нигарониҳо аз тарзи рафтори ҳукумати нав дар Афғонистон бештар шудааст.
Навзодеро дар Душанбе ба ифтихори қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш, Масъуд ном гузоштаанд. Аҳмадшоҳи Масъуд солҳо ба зидди Шӯравӣ ва гуруҳи “Толибон” дар Афғонистон ҷангида, 9-уми сентябри соли 2001 аз ҷониби афроди “Ал-Қоида” кушта шуд.
Бо гузашти ду рӯз аз эълони ҳукумати «Толибон» дар Афғонистон то кунун ҳеч кишвар онро ба расмият нашинохтааст. Бархӯрд ва вокунишҳои кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои ҷаҳониву минтақаӣ ба ин масъала дар умум эҳтиёткорона аст.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ки аз тақрибан ҳафтод намояндагии расмии Кобул дар кишварҳои ҷаҳон ва Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз ҳеч кадом ҳукумати “Толибон”-ро эътироф накардаанд. Гуруҳи “Толибон” 7-уми сентябр ҳайати ҳукумати муваққати худро расонаӣ намуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасте бахшида ба масъалаҳои Афғонистон аз амалкарди гуруҳи “Толибон” дар вилояти Панҷшер танқид кард.
Муҳаммад Заҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, гуфт, ба наздикӣ Шурои муқовимат таъсис меёбад ва маркази он Панҷшер хоҳад буд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аз созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳону минтақа даъват кард, ки барои ҳалли қазияи Афғонистон даст ба чораҳои фаврӣ ва муштарак зананд.
Ёфтҳои бештар