Ҳукумати Толибон ба изҳороти Вазорати дифои Амрико, ки гуфт, "чархболҳои артиши пешини Афғонистон, ки дар Тоҷикистон ва Узбекистон ҳастанд, ба Толибон дода намешаванд", вокуниш нишон дод. Вазорати дифои ҳукумати Толибон гуфтааст, ки ин чархболҳо "дер ё зуд пас гирифта хоҳанд шуд".