Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд мегӯяд, ки даҳҳо нафар аз ҷангҷӯёни Толибонро дар Панҷшер асир гирифтааст. Толибон ин гуфтаҳои ҷабҳаро "беасос" номидаанд.
Бо гузашти як сол аз бозгашти Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон ва суқути Кобул, суоли аслӣ ҳамоно беҷавоб боқӣ мондааст.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо нашри эъломияе мавқеи аслиашро дар баробари ҳукумати Толибон эълон кард.
Кӯдаки афғонистоние, ки соле пеш ҳангоми фирори дастаҷамъии сокинон аз Кобул, тасодуфан бо ҳавопаймое бидуни волидон, ба хориҷи кишвар бурда шуд, ҳоло боғча меравад.
Як духтари варзишгари афғон, ки моҳи ноябри соли гузашта Афғонистонро тарк карда буд, ҳоло ҳамроҳ бо тими Фаронса барои ширкат дар "Олимпиадаи Париж" омодагӣ мегирад.
Ашраф Ғанӣ, президенти фирории Афғонистон иддао дорад, ки ӯ ҳанӯз раиси ҷумҳури Афғонистон аст. Ӯ тарафҳои мухталифро дар суқути ҳукумати худ гунаҳкор донист. Кобул 15-уми августи соли гузашта пас аз гурехтани Ашраф Ғанӣ ба дасти Толибон афтод.
Гурӯҳе аз наврасони афғонистонӣ хатми таҳсилашон дар мактаби миёна дар Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд.
Аз бозгашти Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон қариб як сол мегузарад.
Сарфи назар аз равобити сарди Душанбе ва Кобул дар як соли ахир, интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон қариб як баробар зиёд шудааст.
Ҷо Байден, президенти ИМА рӯзи 1-уми август дар бораи натиҷаҳои амалиёти рӯзи якшанбе хабар дод ва гуфт, ки дар шаҳри Кобул раҳбари гурӯҳи "Ал-Қоида" Айман Аз-Завоҳирӣ кушта шуд.
Роҳбари ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, бо сабаби таҳрими бонкҳои Афғонистон, наметавонанд маблағи барқи додаашонро пурра дарёфт кунанд. Мушкили пардохти ҳаққи истифодаи барқ баъд аз дубора ба қудрат расидани Толибон ба миён омад.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки Айман Аз-Завоҳирӣ, раҳбари гурӯҳи террористии "Ал-Қоида" субҳи якшанбе дар ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ кушта шудааст.
Ёфтҳои бештар