Вазорати тандурустӣ омори нави гирифторони коронавируси навро дар Тоҷикистон эълон кард.
Мақомоти вилояти Суғд дар як моҳи ахир дастикам ду дафъа ба бештар шудани гирифторони коронавирус ишора карданд, аммо 11-уми август ҳозир нашуданд, ки рақами умумии беморонро дар минтақа ба забон оранд.
Омори қурбониёни коронавируси нав дар Тоҷикистон тағйир ёфт.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шабонарӯзи ахир марги як нафарро аз коронавируси нав сабт кардааст ва бо ин шумораи умумии қурбониёни бемори ҳамагир то 6-уми август ба 62 нафар расид.
Дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дастур шудааст, ки арӯсу домод ва иштирокдорони дигари тӯй пеш аз маросим аз ташхиси коронавируси нав гузаранд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар як ҳафтаи ахир фавти беморони коронавируси навро сабт накардааст. Ба иттилои расмӣ аз замони эътирофи расмии пандемия дар Тоҷикистон 60 кас аз COVID-19 даргузаштаанд.
Мақомоти Оҷонси омори Тоҷикистон гуфтанд, ки мизони фавти одамон дар ним соли гузашта, дар замони пандемияи коронавируси нав, бештар шудааст, вале фавт ба бемории COVID-19 рабт надорад.
Дар як деҳаи Қирғизистон бинои масҷидро ба шифохона ё ҷойи муолиҷаи беморони COVID-19 табдил доданд. Қоливу тасбеҳҳоро ҷамъ карданд ва меҳробро бо парда пӯшониданд.
Швейтсария ба Тоҷикистон барои муқобила бо пайомадҳои коронавируси нав 1.1 миллион доллар дод.
Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, аз сокинон хостааст, ки аз ин ба баъд дар намозҳои ҷаноза фосилаи ҷисмониро риоя кунанд ва ниқоби тиббӣ бипӯшанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки дар шабонарӯзи гузашта фавти як нафарро аз коронавирус сабт кардааст ва бо ин шумораи умумии ҷонбохтагон аз бемории ҳамагир ба 60 нафар расид.
Масъулони Идораи маорифи Суғд гуфтанд, ки аз замони эътирофи расмии мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон то ин дам 18 омӯзгор аз COVID-19 ҷон бохтаанд.
Ёфтҳои бештар