Хайрулло Саидов, писари зиндонии сиёсӣ Зайд Саидов мегӯяд, вазъи сиҳҳатии падараш дар зиндон бад шудааст, “нишонаҳои монанд коронавирусро” дорад ва аз мақомоти тоҷик хост, ки дар замони пандемияи коронавирус маҳбусони аз 60-сола болоро озод бикунанд.
Раиси шаҳри Душанбе бо эълони сохтмони бемористонҳои нав барои гирифторони бемории COVID-19 аз маҳалли бунёди чанде аз онҳо дидан кард. Гуфта мешавад, ки ин бемористонҳо бо зарфияти се ҳазор кат бунёд мешаванд.
Як соҳибкори тоҷик дастгоҳи худкори дезинфексия ё зиддиуфуниро сохтааст, ки барои насб кардан дар даромадгоҳи бозору бемористонҳо ва биноҳои баландошёна пешбинӣ шудааст.
Барканор шудани Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба назар як чизи пешбинишаванда буд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 5-уми май фармон додааст, ки Насим Олимзода, вазири тандурустӣ аз мақомаш озод карда шавад. Дар ин фармон гуфта шудааст, сабаби озод кардани ӯ ба мақоми дигар гузаштанаш аст
Аз сафари ҳайати коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) ба Тоҷикистон чаҳор рӯз гузашт. Ин ҳайат, ки аз шоми 1-уми май дар Душанбе қарор дорад, бо вазъи беҳдоштии кишвар дар шароити пандемияи коронавирус аз наздик ошно мешавад.
Бо гузашти панҷ рӯз аз эълони аввалин мавридҳои сирояти коронавируси нав дар Тоҷикистон нархи баъзе аз доруҳо ба таври чашмгир боло рафтааст.
Пайдо шудани коронавирус, бо суръати баланд паҳн шудани он дар саросари олам сабаб гашт, ки як силсила калима ва истилоҳот ҳарчӣ бештар дар забони расонаҳо ва мардум садо диҳанд. Бархе аз онҳо нав, аммо бархи дигар барои пизишкону парасторон ошноянд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки рӯзи 4-уми май шумори гирифторони коронавирус дар кишвар ба 230 кас расид. То ин дам се нафар аз бемории ҳамагир фавтидаанд.
Ёфтҳои бештар