Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси Ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, мегӯянд, ки мақомот намегузоранд, бо ӯ телефонӣ тамос гиранд. Вай ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Маҳмадалӣ Ҳайит ва наздиконаш ҳукмро сиёсӣ медонанд.